Волидайн дар тарбияи фарзанд эътидолро риоя кунанд

Падару модар ҳангоми тарбияи кӯдак бояд эътидолро риоя кунанд. Чунин созиш дар рафтор ва гуфтори байни ҳам ва нисбат ба фарзанд бояд риоя карда шавад. Ин навъ созиши волидайн барои қоим гардонидани низом дар хона ва равиши тарбияи фарзанд кӯмак хоҳад кард. Ва ҳар вақте волидайн оид ба ин ё он масъала ба созише намерасанд, ихтилофи мазкурро набояд дар ҳузури фарзандон изҳор намоянд.

Агар дар оила модар сахтгир ва падар нармдил бошад, кӯдак чӣ тавр идора кардани волидайнро меомӯзад. Чӣ тавр ва аз кӣ қулайтар иҷозат гирифтанро мефаҳмад ва ҳарчанд яке аз волидайн зид ҳам бошад, кӯдак аз духӯрагии онҳо истифода бурда, масъаларо ба нафъи худ ҳал мекунад. Аз ин рӯ волидайн аз аввал доир ба тарбия ва қоим гардонидани низом дар хона бо ҳам маслиҳат кунанд. Бахусус қарорҳо оид ба масъалаҳои муҳимро бо ҳам машварат намуда, ба созиш расанд.

Агар ҳангоми қарордиҳии масъалае волидайн бо ҳам дар ихтилоф афтанд, кӯдак чӣ дуруст аст ва чӣ ғалат аст, немфаҳмад. Чунин вазъ ба фитрат ва тарбияи кӯдак таъсири манфӣ расонида, ӯро дар оянда беқарор, духӯра, шармгин ва беэътидол мегардонад. Аз ин рӯ волидайн дар назди фарзанд қарорҳои ҳамдигарро рӯшод танқид накунанд. Ҳамдигарро доим дастгирӣ намуда, боэътидол рафтор карданро омӯзанд.

Ҳамчунин ногуфта намонад, ки баъзан кӯдак дар назди бобо ва бибияш эркагӣ карда, ба сухани падару модараш гӯш намедиҳад. Калонсолони оила низ дар ин маврид эътидолро риоя карда, барои қоим гардонидани нуфузи падару модар дар назди фарзанд кӯмак кунанд. Вақте фарзанд ҷиддият ва қавииродагии волидайнро мебинанд, дар зершуури ӯ ба таври ихтиёрӣ меъёрҳои рафтор ва гифтори муаддаб шакл мегиранд.


Коғази сафеди кӯчак

Рафтори мусбати кӯдакро қадрдонӣ намоед!

“Не!” гуфтанро омӯзед

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s