Чаро баъд аз хӯрокхӯрӣ мехоҳед хоб равед?

Шояд борҳо мушоҳида кардаед, ки баъд аз хӯрдани ғизо шуморо хоб зер мекунад. Коршиносон қайд мекунанд, ки ҳар дуюм сокини сайёра аз ин мушкилӣ ранҷ мебарад. Сабабҳо зиёданд, лекин аз ҳама асоситаринаш ин пурхӯрӣ аст. Набояд фаромӯш кард, ки асоси тағзияи солимро аз сари дастурхон бо ҳисси нимгурусна бархостан ташкил медиҳад. Табибон зикр мекунанд, ки ҳангоми тановули хӯрок меъда бояд ба се ҳисса тақсим карда шавад: сеяки онро ғизо, ҳиссаҳои дигарашро моеъ ва ҳаво бояд ташкил диҳанд.

Агар ғизои рӯзмарра аз таркибҳои солим иборат набошад, майнаи сар наметавонад пурра фаъол бошад. Дар натиҷа бадан ба режими сарфаи нерӯ мегузарад. Маҳз барои ҳамин диетологҳо тавсия медиҳанд, ки рӯзона 4-5 маротиба, вале миқдори кам хӯрок истеъмол намоем. Ҳамчунин тавсия карда мешавад, ки маҳсулоти равғаннокияш 0% ба монанди шир ё твороги беравған аз истеъмол дур карда шаванд. Ҳамчунин барои тақвияи нерӯ ба майнаи сар витаминҳои лозимаро низ истеъмол намоед. Агар майнаи сар нерӯ ва ғизои кофиро гирад, доим фаъол зиста, шуморо барои хоб кардан водор намекунад.

Маълум аст, ки майнаи сари инсон барои беҳтар кор кардан ба қанд (глюкоза) ниёзд дорад ва лозим аст онро дар ҳолатҳои лозима (имтиҳонҳо, суханронӣ) истифода баред. Вале бояд қайд кард, ки таъсири қувватбахши қанд ба майнаи сар муваққатӣ аст. Он ба монанди сӯзиши хас зуд равшан гашта, аммо ҳамоно хомӯш мешавад. Баъд аз гузашти таъсири қувватбахши қанд, он қувваи додаашро дучанд карда бозпас мегирад. Ва майнаи сар аз пеш дида тезтар хаста мегардад.

Дар асл, вақте ки инсон ягон чизи ширин истеъмол мекунад, сатҳи глюкоза дар хун тез баланд шуда, якбора зиёд шудани нерӯро эҳсос мекунад. Дар ин ҳолат бадан барои баратаф кардани сатҳи баланди қанд, инсулин тавлида мекунад, ки он глюкозаро ба ҳуҷайраҳо тақсим карда аз хун берун мекунад. Ҳамин тариқ сатҳи қанде, ки ба “осмон” расида буд, якбора ҳатто аз сатҳи пештара дида поён меравад. Ин ҳолат боиси беҳолӣ ва хоболудӣ мегардад.

Аҳамияти ғизои солим барои саломатӣ ва коршоям будани организм аҳамияти калон дорад. Аз он ки дар ҳар қадами кӯча пирашкиву хот-догҳои арзону пастсифат ва ҳатто зараровар хӯред, каме маблағро тасарруф намуда, бо он меваи тару тоза ва хӯрокаи солим харидорӣ намоед. Зеро ғизои имрӯз тановулшуда, хоҳ мард бошед хоҳ зан, ба насли ояндае, ки аз сулби шумо таваллуд хоҳад шуд, бетаъсир нахоҳад монд.

– Достиев Неъмат


5 амали мамнуъ баъд аз хӯрдани хӯрок

Агар ҳамарӯза танҳо 4 дона бодом хӯрем

Фоидаҳои донаи зағир

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s