Замоне дар маҳалле, ки аксари аҳолияшро мусулмонон ташкил медоданд, як оилаи яҳудӣ зиндагӣ мекард. Моҳи рамазон буд ва мусулмонон ҳама рӯзадор буданд. Ҳаво гарм ва нисфисрӯзӣ ҳам расида буд. Кӯдаки хурдсоли он оилаи яҳудӣ дар даст нон ва себ ба кӯча баромада, онҳоро мехӯрд. Модар аз чунин рафтори кӯдак бохабар шуда, ҳамоно ба берун мебарояду фарзандашро таъдиб медиҳад:
– Ҷонакам, ҳоло моҳи рамазон аст ва мусулмонон ҳама рӯзадоранду дар давоми рӯз чизе намехӯранду наменӯшанд. Агар чизе хӯрданӣ бошӣ, дар дохили хона бихӯр. Мабодо, ҳамсояе туро дар берун дида, аз хӯрданат ӯро ҳавас кунад. Айб аст!