Ҷавонон – тухме дар мазрааи тавоноӣ

Ҷавонон тухме дар мазрааи қуввату тавоноӣ ва заковатанд. Агар сари вақт тарбия ва ислоҳ карда шаванд, ба қаҳрамононе бадал мегарданд, ки метавонанд тамоми душвориҳоро паси сар намуда, ба қалбҳо сурур ва ба дунё низому осоиш оранд.

Ҷомеа чунон таъсирпазирие дорад, ки ҷавонон дар дохили он ба камол расида, ранг ва шакли онро ба худ мегиранд. Яъне ки агар ҷамъият хуб аст: аз маърифат, ахлоқ, тамизу одамгарӣ бархурдор аст, пас, ҷавонон хуб, бомаърифат, хушахлоқ, ботамизу инсондӯст камол меёбанд. Баракс, агар дар ҷамъият аз нишонаҳои боло ному нишон набошад, инчунин дар он ҳама чиз сохта ва ба зоҳир зебо намояд, дар ин ҳол ҷавонон ҳам зоҳиран зебо менамоянду дар асл ба пуфаке шабоҳат мегиранд, ки бузург аст, аммо дарунаш танҳо аз бод иборат.

Агар орзуву ҳавас ва фазилатро паҳлуи ҳам гузорем, мебинем, ки ҳавасҳо ҳамеша ширин ва ҷолиб будаанд. Фазилат бошад, каме бо душворӣ ба даст меояд. Агар ҷавонон дар интихоби ин ду чиз озод гузошта шаванд, маълум аст, ки ба кадоме майл мекунанд. Ҳол он ки онҳо бояд чунон тарбия дода шаванд, ки бо фазилат ва маърифат ёр ва бо бадахлоқиҳо ҳамеша душман бошанд.

Зимнан, то он даме, ки бо тарбия ва таълим ба имдодаш расидагӣ нашавад, ҷавон дар муҳити ҳавасҳо ва лаззатҳои гузарон мисли парвона давр мезанад, аз илму маърифат дур, аз фаҳму фаросат маҳрум шакл мегирад. Ин дар ҳолест, ки бузургии як миллатро бо он ҳам чен мекунанд, ки ҷавононаш то куҷо ба таълим ва тарбия майл доранд, арзишҳои моддиву маънавиаш кадом аст, шуурнокиаш то куҷо мерасад… Инчунин, ҳар миллате, ки ҷавононашро дуруст тарбия менамояд, дар ҳама давр номзад ба пешрафту муваффақият аст, баракс, ҳар миллатеро, ки ҷавононаш ба ҳоли худ гузошта шуда, бо хости худ бузург мешаванд, ба пешрафту муваффақият камтар наздикӣ пайдо мекунад. Зеро, тавре дар боло ишора шуд, ҷавон ҳамеша сабукиро меписандад: ҷое, ки ҳавасҳо ҳаст, лаззату кайфо сафо ҳаст, маърифат ва фазилат барин арзишҳо пушти дар мемонанд.

Беҳуда нагуфтаанд, ки тақдири ҳар миллатеро муайян кардан хоҳед, ба он нигаред, ки ба тарбияи ҷавононаш то куҷо аҳамият медиҳад…

Дар кишвари мо, ки ҳамин чанд рӯз муқаддам Рӯзи ҷавонон таҷлил шуд, ҳоло ба парваришу тарбияи ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода мешавад. Онҳо ояндагони ҷомеа, ояндагони Тоҷикистон ҳисоб мешаванд. Ин бовару эътимодест, ки Ҳукумат ба насли ҷавон дорад. Албатта, ҳиссаи ҷавонон дар ин миён аз он иборат аст, ки дар баробари завқу ҳавасҳои ҷавонӣ, шӯру шавқе, ки ин айём дорад ва эшон истифода мебаранд, ба маърифат, таълим ва фазилат ҳам рӯ оранд! Зеро бо пайваста ғуттавар будан дар миёни ҳавасҳои ҷавонӣ наметавон ояндаи ҷомеа буд! Ва наметавон интизориҳоро бароварда сохт!

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s