Онҳо хомӯширо авло донистанд-9

Фирефтаи абадият

mopГи де Мопассан (1850-1893)

Модари Мопассан, ки боэҳтирос мехост фарзандаш нависандаи бузург шавад, ӯро ба назди адиби номдори замон – Гюстав Флобер мебарад. Мопассани ҷавон то 30-солагӣ чизе нанавишт. Вале чун ба навиштан оғоз кард, собит сохт, ки ҳикоянависи бузург мешавад. Ӯ дар муддати кӯтоҳ ба раҳоват пардохт ва ҳаёти бидуни мушкилиро аз сар мегузаронд. Он чи ки Мопассанро фирефта кард, намирандагӣ ва ё абадият буд. Ҳамчун нависандаи машҳури оянда мутмаин шудан мехост, ки марг асло ба вай таъсир расонида наметавонад. Ду дафъа тапончаро ба сараш бурда, хизматгорашро хитоб кардааст, ки “Бубин, маро тир асар намекунад. Зеро ман намирандаам!”

Вале нависанда, ин озмоишро вақте бо корд анҷом дод, муваффақ нашуд. Аз он рӯз эътиборан, ки хуни зиёд аз баданаш рафта буд, то вафоташ чизе навишта натавонист. Аз он ҳодиса то охирин рӯзи зиндагиаш ҳар гоҳ, ки рӯзномаҳо акси нависандаро нашр мекарданд, зери сурат ин навишта дарҷ мешуд: “Ҳолати девонагии нависандаи намиранда, ҷаноби Мопассан идома дорад”.

“Чизе барои навиштан надорам!”

oscarОскар Уайлд (1854-1900)

Дар баробари сарнавишти фоҷиангезаш, он чӣ ки Оскар Уайлдро ба Бартлбиҳо мепайвандад, суханҳои ӯст. “Қатъиян ба коре машғул нашудан мушкилтарин чизи дунёст. Ҳам чизи мушкил асту ҳам ақлонӣ”,  –гуфта буд ӯ дар яке аз намоишномаҳои худ. Ӯ принсипи “ба коре машғул нашудан”-ро дар охирҳои умраш дар Париж амалӣ гардонд. Ин рафторашро бошад Уайлд чунин тавзеҳ намуд: “Ман, қабл аз он ки зиндагиро шиносам, бо навиштан машғул будам. Акнун ки маънои ҳаётро сарфаҳм меравам, чизе барои навиштан надорам!” Охирин навиштаи Оскар Уайлд, пеш аз он ки хомӯширо авло донист, драммаи “De Profundis” буд, ки дар зиндон таълиф гардид.

– таҳияи Башир Усмон


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s