Фаъолияти самараноки организм ба маводи ғизоӣ вобаста аст (1)

Барои фаъолияти муътадил ва инкишофи дурусти майнаи сар лозим аст ҳамарӯза онро бо маводи ғизоӣ, ки аз ҷумла бадани мо ҳам ба он ниёз дорад, таъмин намоем. Сафеда, чарбу, карбогидратҳо (углевод), об ва витамину минералҳо аз ҷумлаи ин маводҳои ғизоӣ мебошанд.

Сафеда дар синтези аминокислотаҳо ширкат мекунад. Аминокислотаҳо бошанд ба кори беҳтари ҳуҷайраҳои асаб мусоидат менамоянд. Карбогидратҳо ба бадан нерў мебахшанд. Чарбуҳо вазифаи мубодилаи моддаҳоро иҷро мекунанд

Витамину минералҳо ба афзоиши фаъолияти мағзи сар мусоидат мекунанд, ки дар натиҷа нерӯи бадан зиёд, вазъи умумии саломатӣ беҳбудӣ ёфта, системаи масуният қавӣ мегардад. Аммо интихоби дурусти миқдори витамину минералҳо, ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои авитаминоз ва гипервитаминоз, хеле муҳим аст.

Дар баробари муйян кардани маҳсулоти барои майнаи сар муфид, инчунин тартиби дуруст, миқдор ва замони қабули ин ғизоҳо низ бисёр муҳим аст.

Мутахассисони соҳа дар ин мавзӯ тавсияҳои зеринро пешниҳод кардаанд:

– Аз ҳад зиёд нахӯред, зеро ҳазми иловагии ғизои зиёдатӣ миқдори зиёди оксигени зарурии майнаи сарро талаб мекунад. Таъмини маводҳои ғизоӣ бояд батадриҷ ва бо миқдори кам бошанд. Бинобар тавсияи диетолгоҳо лозим аст рӯзона 4-5 маротиба, вале миқдори кам хӯрок истеъмол намуд;

– Ба омезиши маҳсулот аҳамият диҳед. Гӯшт ва моҳӣ барои кори хуби майнаи сар муфиданд. Истеъмоли онҳо бо забзавот раванди ҳазмкуниро осон ва ҳузури нах дар забзавотҳо ҷазби маводҳои ғизоиро беҳтар мекунанд;

– Наҳориро сарфи назар накунед! Теъдоди зиёди одамон ба ҷои як таоми пурра аз саҳар нӯшидани қаҳваро интихоб мекунанд. Дар ҳоле ки маҳз наҳорӣ аз субҳ организмро бо нерӯи аввалину лозима таъмин мекунад. Қаҳва метавонад ба муддате моро ҷоннок намояд, вале шавлаи ҳуртумонӣ (овсянка) то 6 соат баданро қувваат мебахшад;

– Фастфуд, ғизои серравған, намак, маҳсулоти қаннодӣ ва нӯшокиҳои газдори ширин ба бадан зарар доранд, аз ин рӯ истеъмоли онҳор коҳиш диҳед, ё умуман аз онҳо худдорӣ намоед;

(давом дорад)


Истеъмоли аз ҳад зиёди шакар зарар аст!

5 амали мамнуъ баъд аз хӯрдани хӯрок

Чаро баъд аз хӯрокхӯрӣ мехоҳед хоб равед?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s