Рамазон ва раҳоӣ аз таъсири заҳрноки олами рақамӣ (1)

Имрӯзҳо дар назари инсон, бахусус ҷавонон интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба воситаи муфид ва хеле муҳим табдил ёфтаанд. Аллакай ба касе пӯшида нест, ки одати беинтизом истифода кардани шабакаҳои иҷтимоӣ, замима-барномаҳои телефонии тафреҳӣ ва тамошои ҳар гуна аксу наворҳои муҳтавои порнографидошта ба табиат ва сохтори мағзи сар зиёни ҷиддиву назаррас мерасонанд. Чунин тағйирот дар мағзи сар ба қобилиятҳои муҳими инсонӣ ба монанди тамаркузи диққат ва хотира зарба мезананд. Бинобар ин мо батадриҷ малакаи мутолиаи матни мушкилтару дарозтар ва дар хотир нигоҳ доштани маънову муҳтавои мавзӯъро аз даст медиҳем. Аз даст додани малакаи мутолиакунӣ ва дар хотир нигоҳ дошта тавонистан ба малакҳои дигари ҳаётан муҳим таъсири худро расонида, дар натиҷа инсонро кундзеҳн карда, ба махлуқи сатҳӣ табдил медиҳанд.

Вале мо метавонем аз ин ҳолати наҳс худро раҳо диҳем. Чӣ тавре дар боло зикр гардид, ин як навъ одати бад аст. Танҳо кофӣ аст, ки барои аз чунин одати бад даст кашидан ҷаҳд карда, ҷойи онро бо одати хуб пур кунем. Хабаре хуш аз ин иборат аст, ки агар мо одати истифодабарии интернет, ТВ ва смартфонҳоро тағйир дода тавонем, он вақт мағзи сар ба ҳолати аслии худ бармегардад. Чунин бозсозии асабиро дар илм neuroplasticity меноманд.

Оё тарки одат амри муҳол аст?

“Мо натиҷаи силсилаи амалҳои такрорёбандаи одатҳои худ ҳастем. Мукаммалият низ натиҷаи одат аст!” –мегӯяд Арасту. Яъне, ки зиндагии мо асосан аз одатҳо иборат аст. Одат ин амали такрорёбандаест, ки мо онро худ фаҳмида ё нафаҳмида доим ба ҷой меорем. Одатҳои нек касро ба инсони муваффақ табдил дода метавонанд. Одатҳои бад бошанд, касро шикаст дода, боиси ҳаёти беинтизом ва холӣ аз ҳадаф мекунанд. Бешуурона ба вартаи интернетӣ ва дигар вақтгузарониҳои бефоида ғӯтта задан аз қабили чунин одатҳои бад мебошанд.

Ҳарчанд дар урфият гуфта мешавад, ки тарки одат амри муҳол (имконнопазир) аст, вале даст кашидан аз одатҳои бад доим имкон дорад. Масалан, дар тасаввуф мафҳуми “чилла” мавҷуд аст. Мурид – нафаре, ки дар роҳи тарбияи нафси хеш азм карданро ирода кардааст, 40 рӯз худро ба хилват кашида, зери тарбия ва назорати муршид (иршодкунанда, устод, пири кор) камхӯрӣ, камхобкунӣ ва камгапзаниро пеша мекунад. Дар чунин муҳит мурид тамаркузашро бештар болои ибодат ва тафаккур карда, малакҳои ҷисмониву ақлонияшро такмил медиҳад. Раванди тафаккур кардан касро пухта карда, нигоҳи ӯро ба ашё ва ҳодисоти коинот метавонад таҷдид кунад. Яъне нафари хилватнишин арзиш ва бартариятҳои ҳаётияшро бори дигар аз назар гузаронида, афзалиятҳои барояш асосиро муайян мекунад. Ҳамчунин гуфтан мумкин аст, ки мурод аз чилланишинӣ ин тарки одатҳои кӯҳна буда, ба ҷои онҳо одатҳои нав ва самарабахшро ҳосил кардан аст. Пас нафари муқаррарие, ки оиладор асту овораи машғулиятҳои корӣ мебошад, чӣ тавр метавонад ин навъ “чилла”-ро аз сар гузаронида, ҳаёт ва арзишҳояшро бознигарӣ намуда, аз одатҳои бад даст кашад?

(давом дорад)


Тавсияҳо барои баланд бардоштани самаранокии корӣ аз пешоҳангони олами технология

Эҳсосӣ, фаъол ва проактив

Роҳбалади нафарони қавиирода

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s