Тифли солимро орзу кардан кам аст, балки онро сазовор бояд гашт!

Ба дунё овардани тифли солим барои ҳар як модар хушбахтии бузург аст. Ҳар зану мард орзу мекунад, ки тифли тансиҳате хонадонашро гармӣ бахшад. Аммо барои расидан ба ин сармояи беинтиҳо, мебояд талош намуд. Тавре мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ҳам дар ҷомеаи гузаштаву ҳам имрӯза, мо – аксарият аҳли хонаводаҳо ба модари оянда таваҷҷӯҳи кам дорем. Умедвор гаштани арӯсаки нав ҳам барои худи ӯ ва ҳам барои баъзе аз аҳли хонаводаҳо, агарчӣ як хабари хуш ҳам бошад, аммо ҳеҷ масъулияти дигареро бар зиммаи онҳо намегузорад. Арӯсак – модари оянда маҷбур аст, реҷаи кору зиндагияшро ҳамоно бетағйир идома диҳад. Дигаргуниҳои куллие, ки дар ҳолати равонӣ ва физиологии модари оянда ба вуҷуд меоянд, кам касонро ба ташвиш меорад.

Модари бузурги хонадон – хушдоман беҳоливу бемадории келинашро дида, таҳи дил мегӯяд: “Мо дигар будем-э! Ба ҳеҷ чиз тан намедодем. Аз пайи кору борамон мешудем”. Серхобтар шудани арӯсак ба касе намефорад. Агар гоҳе падари оянда як хӯрдании махсус барои ҳамсараш биёрад, ба бархе аз аҳли оила низ ин кор хуш намеояд. Ҳамин тариқ дар баъзе аз оилаҳо рӯзгори бонуи бордор, ба атрофиён хеле вобаста аст. Зани ҷавонро мебояд ҳам бори ҳомиладорӣ ва ҳам рӯзгордориро бекаму кост кашад. Дар ҳамин ҳол бидуни ҳеҷ масъулияте ҳамагӣ ба дунё омадани тифлаки солиму зебоеро интизор мешавем.

Гулҷаҳон Намозова духтури момодоя аз Маркази саломатии шаҳрии рақами 2-и ш. Душанбе мегӯяд: “Аксарият бонувони ҳомиладор реҷаи дурусти кору зиндагӣ дар ин давраро намедонанд. Ҳарчанд мо ба ҳар муроҷиаткунанда мефаҳмонем, аммо ин хеле кам аст. Маърифати тиббии дигар аъзои хонаводаро низ мебояд боло бурд, то ҳар нафар, махсусан падару модар ва шавҳар хуб дарк кунанд, ки барои соҳиб шудан ба насли солим, мебояд ботаваҷҷӯҳ буд”. Тибқи гуфтаи табибон реҷаи дурусти хӯрдану хобидан ва сайру гашт намуданро зани ҳомила бояд риоя кунад. Дар ин кор ӯ ба кӯмаки дигар аъзои оилааш ниёз дорад.

Қабл аз ҳама занро мебояд ба саломатии худ аҳамияти ҷиддӣ диҳад. Солим ба дунё омадани кӯдак ба вазъи саломатии модар вобаста аст. Аз одитарин дарду эҳсос ҳатман табиби оилавиро хабардор намуд. Агар зан дар ҷое ва ё муассисае кор мекарда бошад, бояд аз иҷрои корҳои вазнин даст кашад. Кореро анҷом диҳад, ки тавони онро дошта бошад.

Аксар маврид анвои хӯрдании модари оянда аз дигар аҳли оилааш чандон ва ё умуман фарқ намекунад. Ҳол он ки организми зани ҳомила дар ин давра бештар ба витамину минералҳо ва анвои хӯрданиҳои табииву серғизо ниёз дорад. Хӯрдани мағзу мавизу бодом ба инкишофи майнаи сари кӯдаки дар батн будаи зан хеле муфид аст. Ба назари Ҷаҳон Азонов мутахассиси соҳаи ғизошиносӣ занонро мебояд дар давраи ҳомиладорӣ ва ширмаконӣ бештар ба гуногунии маводи ғизоии худ аҳамият диҳанд, ё аслан бигирем, дастархони ин бонувон пайваста аз маҳсулоти ширӣ, макаронӣ, донагиҳо, гӯшту тухм ва сабзавоту меваҷоти тару хушк пур бошад.

Ҳолати рӯҳиву равонии модари оянда яке аз муҳимоти дигар аст. Одитарин ҳолати нохуш ба саломатии кӯдаки оянда таъсир мегузорад. Худи давраи ҳомилагӣ ҳолати рӯҳиву равонии занро тағйир медиҳад, аксар бонувон дар ин давра инҷиқу зудранҷ мешаванд. Дар ин ҳангом атрофиён бояд ботаҳаммул бошанд ва барои дар ҳолати муътадил нигоҳ доштани рӯҳу равони зан мусоидат намоянд. Худи занро мебояд зиёдтар кӯшиш намояд, то аз ҳолатҳои ба асабоният ва афсурдаҳолӣ оварда мерасонда дур истад. Агар хоҳем, ки насли ояндаамон солим ба дунё ояд, пас тарбияи вайро ҳанӯз дар батн бояд оғоз кард.

– Дилошӯб


Нобаробар тақсим намудани муҳаббат байни фарзандон

Сонияҳои аввали ҳаёт

Давраи ҳомиладорӣ ва шуури модарӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s