Фаъолияти самараноки организм ба маводи ғизоӣ вобаста аст (2)

Нақши аминокислотаҳо дар тағзияи майнаи сар

Аминокислотаҳо яке аз ғизоҳои асосӣ барои майнаи сар ба шумор мераванд. Онҳо нақши нейромедиаторҳоро (интиқолдиҳандаи асаб) иҷро намуда, интиқоли сареъи нейронҳоро аз як ҳуҷайра ба ҳуҷайраи дигар таъмин мекунанд. Ҳаминтариқ, кори майнаи сарро беҳбуд мебахшанд. 

Аминокислотаҳо дар бадан асосан барои синтезаи сафеда (протеин) истифода мешаванд. Дар натиҷа аз сафеда пай, нарпай ва нохунҳо тавлид мешаванд. Маҳз барои ҳамин, вазифаи сафеда дар рушди бадани кӯдак бисёр муҳим аст. Ҳар як аминокислота дар бадани инсон аҳамият ба худ хос дорад:

Глютамин

Глютаминҳо ба ҳуҷайраҳои асаб оромӣ мебахшанд. Онҳо дар таркиби маҳсулоте чун ҷаъфарӣ, карам ва офтобпараст дида мешаванд. Ин навъи аминокислотаҳо зимни беморӣ ё мушкилиҳои зерин мавриди истифода қарор мегиранд:
– Харобшавии рагҳо ё мушкилӣ дар гардиши хун;
– Ихтилоли малакаҳои маърифатӣ (гуфтор, ҳофиза ва ғ);
– Сарчархзанӣ;

Глисин

Глисин кислотаи хеле маъмул буда, ҳамчун танзимгари равандҳои боздории муҳофизавӣ дар системаи марказии асаб маълум аст. Глисин фишори психоэмотсионалиро коҳиш дода, раванди хобро беҳтар мекунад. Аксаран одамон онро дар шакли ҳаб аз дорухонаҳо дастрас мекунанд. Дар маҳсулот бошад дар таркиби марҷумак (гречка), арахис, ҷигар ва гӯшти гов мавҷуд аст.

Триптофан

Яке аз кислотаҳои зарурӣ ба шумор рафта, истеъмоли он хашмгиниро бартараф, дарди сарро кам карда, ба раванди хоб таъсири мусбат мерасонад. Дар таркиби ҷавз, шир, мавз, ҳурутмон, гӯшт ва моҳӣ мавҷуд аст.

Лизин

Камбудии кислотаи мазкур дар бадан синтези муқаррарии сафедаҳоро халалдор мекунад, ки дар натиҷа ба афзудани хастагии доимӣ ва асабоният оварда мерасонад. Камбудии онҳо ба қобилиятҳои когнитивӣ низ таъсир мерасонад. Барои таъмини бадан бо кислотаи мазкур аз донагиҳо, гӯшти парранда ва гӯшти сурх зиёдтар истеъмол карда шавад.

(давом дорад)


Агар ҳамарӯза танҳо 4 дона бодом хӯрем

Помидор метавонад саратони меъдаро пешгирӣ кунад

Фоидаҳои донаи зағир

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s