Бо фарорасии гармиҳои тобистон аксарият ба истеъмоли ғизоҳои хунук аз ҷумла ба яхмос рӯ меоранд. Яхмоси истеҳсолӣ ба гурӯҳи ғизоҳои ширӣ дохил шуда, дар таркибаш сафеда, карбогидрат, равған, витаминҳои A, B, C, D, E, калсий, фосфор, магний, натрий, калий, оҳан ва руҳ дорад.
Табибон таъкид мекунанд, ки яхмос аз фурӯшандаҳои сари роҳ харида нашавад. Зеро дараҷа ва фаъолияти доимии асбобҳои хунуккунандаи яхмос бояд санҷида шаванд. Ҳарчанд арзиши ғизоии яхмос баланд аст, вале ҳангоми дар шароити паст истеҳсол шудан, ба саломатии инсон хатар меорад. Аз ин рӯ табибон аз фурӯшгоҳҳое, ки қоидаи гигиенӣ ва шароити муносиби нигоҳдорӣ надоранд, истеъмоли яхмосро тавсия намедиҳанд.
Гузашта аз ин дар шароити хона низ метавон бо осонӣ яхмоси болаззати хонагӣ тайёр намуд.
– таҳияи Саид Муъмин