Рамазон ва раҳоӣ аз таъсири заҳрноки олами рақамӣ (2)

Гӯшанишинӣ аз олами рақамӣ

Бинобар талаботи кору оила имрӯз мо бо мақсади тарбияи нафси саркашамон шояд, ки барои муддати зиёд ба гӯшанишинӣ шурӯъ карда натавонем. Гузашта аз ин тарки дунё карда, аз масъулиятдорӣ фирор кардан ҳам раво нест. Вале метавон гоҳ-гоҳ барои барқарор кардани нерӯи маънавӣ ва сарҷамъ шудан, ақаллан аз таъсири доимии олами рақамӣ фирор кунем. Ва барои чунин ҳолат моҳи шарифи рамазон фурсати мувофиқ аст.

Дар моҳи рамазон банда бо мақсади изҳори миннатдорӣ ва шукргузорӣ барои ризои Офардигораш бинобар амри илоҳӣ муддати як моҳи қамарӣ рӯза медорад. Солҳои гузашта олими ҷопонӣ сирф барои таҳқиқот доир ба ин масъала сазовори “Ҷоизаи Нобел” гардид. Ҳамин тавр Ёсинори Осуми муайян кард, ки рӯзадорӣ барои тоза гаштани бадан аз ҳар гуна токсинҳои зараровар кӯмак мекунад. Ҳангоми рӯзадор будан аз даҳон омадани бӯйи бад низ нишона аз чунин покшавии бадан аст. Гузашта аз ин, рӯзадорӣ дар баробари ба бадан сиҳҳат бахшидан, ҳамчунин боиси эҳёи рӯҳу равони одамӣ мегардад. Кас рӯзи дароз гушнаву ташна монда, нафси хешро тарбия медиҳад. Дар ин раванд ӯ меъёрро омӯхта, иродаашро низ тарбия медиҳад. Пас ин фурсатро ғанимат дониста, аз одатҳои бад, бахусус аз одатҳои бади истифодабарии олами рақамӣ ва ҷиҳозҳои мобилӣ даст кашем.

Рӯзаи ҷисмониву равонӣ

Мутмаинам, ки имрӯз шахси мусалмон худро на танҳо бо рӯзаи ҷисмонӣ маҳдуд бигардонад, балки рӯзаи рақамӣ низ пеша кунад. Ин навъи рӯзадорӣ мағзи сари касро аз одатҳои бад ва токсинҳои рақамӣ пок гардонида, боиси барқарор гаштани малакаҳои муҳим ҳамчун диққат ва хотира мешавад. Ҳоло як қатор тавсияҳоеро хоҳем овард, ки дар самти детоксикатсияи рақамӣ шуморо кӯмак хоҳад кард. Ин тавсияҳоро аз рӯзи аввали моҳи рамазон то ба охири он барои худ пеша кунед:

– Ба гӯшанишинии рақамӣ мегузарем. 30 рӯз парҳези ҷисмонӣ ва бо тариқи рӯзадорӣ ба парҳези ақлӣ ҳам риоя намоем. Мағзи сар чиҳоро истеъмол карда истодааст, аҳамият диҳем;

– Ба шабакаҳои иҷтимоӣ мисли Facebook, Одноклассники ва ғайра ҳар чӣ камтар таваҷҷӯҳ зоҳир намоем. Дар баробари ин ҳамрҳои дӯсту рафиқони воқеӣ мулоқот карданро авлотар донем. Бо ҳамроҳи онҳо ифтор кунем.  Ҳатман дар ин рӯзҳо ба аёдати хешу таборон равем;

– Барои детоксикатсияи рақамии муассир мағзи сарро аз зиёратҳо ва корбариҳои бемавриди интернетӣ халос кунем. Агар ба интернет дароем ҳам, вақти дар он сарфмешударо бошуурона истифода барем;

– Бахусус дар ин моҳи муборак аз хониши хабарҳои беҳуда даст кашед. Як моҳи дароз аз тамошои телевизор дур истед. Аз воситаҳои технологӣ ҳамон замон истифода кунед, ки барои рушди малакаи шахсиятон мусоидат мекунад. Ҳеҷ андеша накунед, агар як моҳ аз хабарҳои дунё дур шавед, дунё сарашро намехӯрад;

– Аз тамошои барномаҳои телевизионӣ, кинофилм ва силсилафилмҳои беҳудавақткуш даст кашед. Тамошои бардавоми ин навъ барномаҳо майнаи сари касро ба “банкаи томат” ва сатҳи мавҷудияти инсонро ба сатҳи вуҷуди растанӣ табдил медиҳад. Дар ин олам бе он ҳам чунин “банкаҳои томат” ва “растаниҳо” зиёданд.

Илова ба ҳамаи он тавсияҳои дар боло зикршуда бояд қайд кард, ки бе он ҳам дар давоми сол ёздаҳ моҳамон бо оворагиву машғулияти дунявӣ паси сар мешавад. Хуб мешуд, ки ақлро ба кор бурда, ақаллан як моҳро дар самти ба даст овардани ризои Парвардигор сипарӣ намоем. Бештар бо зикр, фикр ва шукру ибодат машғул шуда, дар давоми моҳи шарифи рамазон рафтор, гуфтор ва пиндори нек дошта бошем.

– таҳияи Абдулхайров Икром


Даст аз тамаъ бишӯй!

Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Аз гулӯи худ рабудан…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s