Сомонаи китобхонаи рақамии FLIBUSTA солҳои тӯлонӣ боз фаъолият мекунад. Дар сомонаи мазкур китобҳои гуногуни хонданибобро бо забонҳои гуногуни хориҷӣ пайдо кардан мумкин аст. Ҳамчунин аксари китобҳо бо забони русӣ мавҷуданд. Бояд қайд кард, ки хониш ва сабт кардани китоб барои истифодабариии шахсӣ ройгон аст.
Ҳамакнун дар замима-барномаи мобиливу компютерии Telegram сомонаи FLIBUSTA шабакаашро фаъол гардонидааст, ки истифодабарӣ, ҷустани китоби дилхоҳ ва гирифтани маълумоти лозима дар бораи китоб қулайтар гаштааст. Акнун “китобхонҳои ашаддӣ” метавонанд китобҳои лозимаашонро аз шабакаи Telegram-и сомонаи FLIBUSTA пайдо кунанд. Ҳамчунин ҳаводорони Сомонаи тафреҳӣ-ахлоқии “ОФТОБ” китобҳоеро, ки дар бахши КИТОБХОНА доир ба онҳо маълумот дода шудааст, аз шабакаи мазкур пайдо карда метавонанд. Танҳо лозим аст вориди шабака шуда, барои истифодабарии он оғоз бахшид. Баъдан номи муаллиф ё номи худи китобро навишта ҷустуҷӯ намоед. Агар дар китобхонаи рақамӣ китоб мавҷуд бошад, шабака онро ҳамоно бароятон пайдо мекунад.

Чӣ тавре дар акси (№1) боло дида мешавад, истифодабаранда ибораи “сила воли”-ро ҷустуҷӯ кардааст ва шабака барояш 524 номгӯйи китобҳоро пешниҳод кард. Китобҳо дар саҳифаҳои 1,2,3…105 ҷойгиранд. То пайдо кардани китоби лозима саҳифаҳоро варақ зада баъдан барои сабти он дар ҷиҳози мобилиятон суроғаи лозимаро пахш мекунед (№2):

Баъд аз пахш кардани суроғаи лозима, шабака ба шумо формати лозимаи китоби электрониро, ки мехоҳед хонед, пешниҳод мекунад (№3):

Баъд аз интихоб кардани формати даркорӣ, онро пахш намуда, китобро дастрас менамоед (№4):

Бахусус дар ин рӯзҳои пурбаракати моҳи шарифи рамазон бо китобхонии пурсамар машғул шудан, шабакаи ин китобхонаи рақамӣ ба мисли хаизнаи гаронбаҳо хизмат карда метавонад.
Суроғаи шабакаи китобхонаи рақамии FLIBUSTA дар Telegram: t.me\flibustafreebookbot
Рамазон ва раҳоӣ аз таъсири заҳрноки олами рақамӣ