Мустақилияти рӯҳӣ-равонии кӯдак

Мустақилияти рӯҳӣ-равонӣ ин бо риояи меъёрҳои ахлоқӣ малакаи озоду мустақил  зиндагӣ карда тавонистани фарди ҷомеа мебошад. Кӯдак ин малакаро дар муҳити оилавӣ тариқи “таълим” ва “тақлид” меомӯзад. Омӯзиши мустақилияти рӯҳӣ-равонӣ равандест, ки кӯдак аз солҳои аввали ҳаёт то ба балоғат расиданаш пай дар пай аз худ мекунад. Аз ин рӯ ба нозукиятҳои зайл бояд аҳамият ҷиддӣ дода шавад:

– Навзод аз рӯзҳои аввали ҳаёташ дар ҳама кор таваҷҷӯҳ ва нигоҳубини махсуси волидайнро талаб мекунад. Вале дар баробари ин ҳаргиз ӯро дар рафтору амалҳояш маҳдуд накунед. Бигзор, дар муҳити амин озодона ҳаракат намуда бозӣ кунад. Чунин муносибат барои мустақилияти рӯҳӣ-равонии кӯдак замина хоҳад гузошт;

– Аз фишорҳои бемаънову беҳуда нисбати кӯдак худдорӣ кунед;

– Ҳангоми интихоби либос ва таъом барои кӯдак бо ӯ машварат кунед. Ҳамин тавр кӯдак бевосита баён кардани фикри худро меомӯзад;

– Дар қадамҳои аввал барои пайдо кардани дӯст ва рафиқони мувофиқ ба кӯдак кӯмак кунед. Солҳои баъдӣ бошад интихобро ба ихтиёри ӯ вогузоред. Вале дар ин раванд сифатҳои дӯсту рафиқони муносибро барояш омӯзонед, то ки аз таъсири муҳити бад худро эмин нигоҳ дошта тавонад;

– Ҳангоми банақшагузории реҷаи рӯзи хонавода, фикри кӯдакро ҳам дар ин бора ба инобат гиред. Ҳамин тавр кӯдак худро ҳамчун фарди комили оила ҳис карда, дар шахсияташ боварӣ пайдо мекунад;

– Бозичаҳое, ки барои кӯдак интихоб карда мешаванд, бояд ӯро аз лавандиву беҳуда вақтгузаронӣ дур карда, бештар фаъол буданро водор кунанд.


Тифли солимро орзу кардан кам аст, балки онро сазовор бояд гашт!

Волидайн дар тарбияи фарзанд эътидолро риоя кунанд

“Кӯдак аст!” –нагӯед! Аҳамияти муколама бо навзод

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s