Боирода бояд буд! 

Таҳти калимаи ирода қобилияте дар назар аст, ки инсон барои амалӣ гардонидани хоҳишҳо ва орзуҳои худ ба кор бурда, инчунин дар ҳолатҳои зарурӣ аз ду вариант якеро интихоб кунад. Илова бар ин, иродаро муҳимтарин амалиёте ҳам шинохтаанд, ки холигоҳи башарии ҳаёти моро пурра мегардонад. Инсони боирода бошад, нафареро гӯянд, ки ин амалиётро бисёр хуб истифода бурда, андешаву афкораш дурусту беолоиш аст, нафаре, балки ҷавонмардест, ки аз шуҳратхоҳӣ, мансабталошӣ, ҳирсу гурусначашмӣ ва ташвиши фардо барин маразҳои ба руҳи инсон зиёновар дур мебошад. 

Аммо бисёр таассуфовар аст, ки инсон на ҳамеша боирода будани худро ҳифз мекунад. Чунонки аспи бодпо ҳам гоҳе мешавад, ки мелангад ё аз ҳаракат мемонад, инсон низ дар фаъолияти ҳаррӯза баъзан сусту ноқобил мегардад. Сабабу омилҳое ҳастанд, ки ба ин боис мешаванд. Масалан, тан ба роҳату кайфу сафо додан, ҷоҳпарастӣ, ҳавасҳои шаҳвонӣ, ғурур ва тарс аз монеаҳое ба ҳисоб мераванд, ки иҷозат намедиҳанд, то шахс иродатманд бошад. Ҳол он ки барои як ҷавон боирода будан бисёр муҳим ва зарур аст. Ҳатто метавон гуфт барои сохтани шахсияташ ва барои рушду равнақи моддиву маънавиаш мусоидат карда метавонад. 

Ҳоло сари монеаи аввал – “тан ба роҳат додан” ҳарф мезанем. Тасаввур кунед як муассисаи таълимиро – хоҳ миёна, хоҳ олӣ. Хеле кам муҳассиле меёбед, ки давоми солҳои хониш иродатмандона тасмим гирифтаву як забони хориҷиро аз худ кардааст. Ё дар мактаби миёна як фанро ҷиддӣ омӯхта, ба қароре омадааст, ки мутахассиси соҳаи алоҳида хоҳад шуд. Албатта, он муҳассилине, ки бо кадом сабаб ва узри ҷиддӣ наметавонанд ба ин кор машғул шаванд, истисноянд. Дар натиҷа мебинед, ки хонандаи мактаби миёна дар ҳашт-даҳ соли хониш як забонро дуруст ёд намегирад ва донишҷӯ чор – панҷ соли таҳсилро итмом мекунаду забондон намешавад. Чун ҳамеша маълум аст, ки дар мактаби олӣ мегӯянд, донишҷӯ агар забонро балад нест, мактаби миёна айбдор аст, зеро даҳ сол бо вай дуруст кор накардааст… Акнун баргардем сари ҷавон-донишҷӯ ва иродаи вай. Ҷавоне, ки дар даҳ соли мактаб забони хориҷиро ёд нагирифт ва дид, ки дар мактаби олӣ ҳам ёд гирифтанаш гумон аст, зеро ки заминаи қавӣ надорад, бояд чӣ кор кунад? Албатта, агар дар соли аввали таҳсилаш пеши худ мақсад гузорад, ки “коре мекунам, дар чор соли таҳсили донишгоҳ фалон забони хориҷиро аз худ мекунам” ва барои ин ҷиддӣ машғул шавад, комёб мегардад. Ана ҳамин мақсадро гузоштан ва тасмим гирифтан, фоидаву зарари худро муайян карда, сипас фоидаро бар зарар тарҷеҳ додан кори ирода аст. Агар ҷавон боирода бошад, фоидаашро аз зиёнаш шиносад, муваффақ мешавад. Вале, мутаассифона, хеле кам дида мешаванд чунин нафароне аз миёни ҷавонон, ки боиродаанд ва ҳадафмандона амал мекунанд. Баракс, рӯ меоранд ба роҳату фароғат ва кайфу сафо, ки ба нафъи эшон нест. Боз ҳам таъкид мекунем, ки ҳолатҳои истисноӣ вуҷуд доранд. Яъне ҷавононе ҳастанд, ки бо кадом сабаби маълум наметавонанд ба коре ҷиддӣ машғул шаванд.

Албатта, ин ки имрӯз иддае аз ҷавонон ба таҳсил, омӯзиш ва кор сарсарӣ машғул мешаванд, сабабҳо дорад. Яке аз онҳо ин аст, ки ҷавонон камтар бовар доранд, ки бо санади донишгоҳ зиндагиро сомон додан мумкин аст. Яъне онҳо бар ин назаранд, ки дипломи мактаби олӣ ояндаи хубро барояшон таъмин карда наметавонад. Бо ин фаҳмиш дар сар аксари онҳо ҳатто маълумоти дуруст намегиранд, дониши даркориро аз худ намекунанд. Вале ин он маъноро надорад, ки беирода бошем, барои ташаккули шахсияти худ, равнақ бахшидани малакаҳои худ кӯшиш накунем. Баракс, бояд боирода бошем, имкониятҳои мавҷударо истифода барем ва муҳимтар аз ҳама, барои ояндаи худу ҷамъият ҷиддӣ кор кунем. Ба ибораи дигар, худро созем. Худро сохтан – хоҳ он дар самти манфӣ аст, хоҳ мусбат – комилан аз худи мо вобаста мебошад.

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s