Набарди навбатии қаҳрамонҳо (1)

Шоми 3 июн дар шаҳри Кардифф ду дастаи беҳтарини футболи Аврупо “Реал” Мадрид ва “Ювентус” барои ҷоми бонуфузтарин мусобиқоти футболи аврупоӣ вориди майдон мегарданд. Ин дастаҳо бори аввал дар сабқати финалии Лигаи чемпионҳо бо ҳам рақобат мекунанд. Барои расидан ба ин марҳила онҳо рақибони пурзӯрро мағлуб намуданд. “Реал” дар марҳилаи нимниҳоӣ дастаи пурқуввати “Бавария”‐ро шикаст дод. “Ювентус” бошад тими овозадори “Барселона”-ро аз идомаи мусобиқот маҳрум кард.

Ин шом Роналду ва Буффон, дурахшонтарин ситораҳои муосир барои ҷом мубориза хоҳанд бурд. Роналду аллакай ин ҷомро тоҷи сар кардааст. Аммо барои Буффони 38‐сола, ки ҳанӯз соҳиби ин ҷоиза нагардидааст, шояд охирон имконият бошад. Вале футболбозони маъруфи дигар низ ҳастанд, ки бо ҳасрати ин ҷоиза дар дилҳошон ба футбол видоъ гуфтаанд. Роналдо (Бразилия), Лилям Турам, Фабио Каннаваро, Павел Недвед, Лоттар Маттэус, Патрик Вийера, Роберто Баҷҷо, Златан Ибаргимович, Франчесско Тотти аз тобонтарин ситораҳое мебошанд, ки номи онҳо то ҳанӯз нӯги забони мухлисон давр мезананд. Ба коллексияи ҷоизаҳои ҳар яки ин бозикунон назар кунем, қариб тамоми ҷоизаҳо мавҷуд аст, ба ҷуз ҷоми Лигаи чемпионҳо.

Ҷоми Ҷаҳонро болои сар кардаанд аммо…

Фабио Каннаваро, капитани тими мунтахаби Италия, соли 2006 соҳиби ҷоизаи қаҳрамони ҷаҳон ва беҳтарин футболбози сол гардида буд. Яке аз муҳофизатгарони беҳтарини тамоми давру замон ба ҳисоб рафта, дар клубҳои маъруфе чун “Ювентус”, “Интер”, “Реал” ҳунарнамоӣ кардааст, аммо бардоштани ҷом як сӯ истад, ҳатто дар як бозии финалӣ ҳам ба майдон набаромадааст.

Маттэус дар лаҳзаи охир онро аз даст дод

Лотар Маттэус яке аз ситораҳои барҷастаи футболи Олмон, ду маротиба дар сабқати финалии Лигаи чемпионҳо ба майдон баромад. Аммо дар яке аз “Порту” ва дар дигаре аз “Манчестер Юнайтед” шикаст хӯрд. Махсусан бозии финалии соли 1999 дар “Камп Ноу” барояш як фоҷеа буд. “Бовария” дар дақиқаҳои охири бозӣ 1:0 дар пеш буд. Ҷоми деринтизор қариб буд ба дасти Маттэус расад, вале дар ду дақиқаи иловагӣ голҳои Тедди Шерингам ва Олегунар Сулшер ӯро аз ҷом маҳрум карданд.

Патрик Вийера вақте баъд аз 9 сол ҳунарнамоӣ дар “Арсенал” ба “Ювентус” гузашт, сабаби рафтанашро чунин баён карда буд: “Акнун мехоҳам Ҷоми қаҳрамонҳоро ба даст биёрам”. Аммо на дар “Ювентус” ва на дар “Интер”, ки дертар ба ин даста гузашт, ин орзуяшро амалӣ карда натавонист. Патрик Вийера соли 1998 Ҷоми Ҷаҳон ва соли 2000 Ҷоми Аврупоро ба даст овард, аммо бардоштани ҷоми Лигаи чемпионҳо ҳеҷ насибаш нашуд.

(давом дорад)

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s