Лимонади хонагӣ

3 адад лиму, 200 мл шакар, 1 литр оби тоза;


Ҳоло ки ҳаво гарм аст, ҳамаи мо зуд зуд ташна мемонем. Бинобар ин барои бартараф намудани ташнагӣ ҳамарӯза аз ҳар гуна обҳои ташнашикани газнок истеъмол ҳам мекунем. Вале мутаассифона, дар таркиби он нӯшокиҳои газноки ташнашикан рангу иловагиҳои кимиёвии барои саломатӣ зараррасон мавҷуданд.

Вале дар муҳити хонагӣ омода намудани машруботи болаззат низ имконпазир аст. Истеъмоли шарбату лимонадҳои ба таври усули хонагӣ бо истифода аз меваҳои тарутоза тайёршуда, дар баробари табиӣ ва ташнашикан будан, инчунин аз витаминҳои гуногун бой мебошанд. Аз ин рӯ хостем бо як навъи лимонад, ки онро мустақилона дар шароити хонагӣ ҳам омода карда метавонед, шинос намоем:

3 адад лимуро ба яхдон мегузорем, то ки ях банданд;

Баъдан аз яхдон гирифта, пас аз 10 дақиқа 3 адад лимуро аз турбтарошак мегузаронем;

Ба лимуи тарошидашуда 200 мл шакарро илова менамоем. Ҳамаи онро омехта мекунему ба мӯҳлати 10 дақиқа ба як сӯ мегузорем;

Махлути омодашудашударо аз элак ё ғалберчае мегузаронем, то ки пӯсту нахҳои лимӣ аз обаш ҷудо шаванд. Ба оби лиму 1 литр оби тоза илова мекунем;

Акнун лимонади хонагӣ омода аст. Метавонед онро бо илова намудани пудина, райҳон ва ях нӯши ҷон кунед.

Ифторҳои рамазониятонро бо ин навъи лимонади хонагӣ боз ҳам рангинтар намоед!

– Махсумова Манижа


Яхмоси болаззати хонагӣ

«Рафаэлло»

Пирог бо чағз ва шоколад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s