Набарди навбатии қаҳрамонҳо (2)

Дар 16 сол 13 бор қаҳрамон шуд

Барои Златан Ибрагимович дар клубҳое чун “Аякс”, “Барселона”, “Милан”, “Интер”, “Ювентус”, ки қариб ҳамасола дар ин мусобиқот ширкат меварзанд, бозӣ карда соҳиби ин ҷом нагардидан бояд як бетолеъӣ бошад. Дар 16 соли охир Ибрагимович дар абардастаҳои аврупоӣ бозӣ карда 13 бор қаҳрамон шудааст, лекин ҳанӯз ҳам ин ҷомро ба даст оварда натавонистааст. Тими “Манчестер Юнайтед” бо ғалаба дар Лигаи Аврупо роҳхати бозӣ кардан дар Лигаи чемпионҳоро пайдо намуд. Шояд ҳанӯз ба даст овардани ин ҷом насибаш гардад.Роналдо Луис Назарио се маротиба “беҳтарин футболбози сол” дониста шуда, 2 маротиба соҳиби Ҷоми Ҷаҳон (1994/2002) гардидаст. Дар клубҳои беҳтарини Аврупо – “Барселона”, “Интер”, “Милан”, “Реал” ҳунарнамоӣ кардааст, лекин ҳатто як бор ҳам дар сабқати финалии ин мусобиқот бозӣ накардааст. Тасаллии Роналдо аз Авурпо танҳо Ҷоми УЕФА (Лигаи Аврупо) ҳамроҳи “Интер” мебошад.

Онҳо ҳам бо “Ювнетус” дар ҳасрати ҷом

Лиллям Тюрам яке аз беҳтарин футболбози хати муҳофиза дар ҷаҳон дониста мешуд ва дар клубҳои “Монако”, “Парма”, “Ювентус”, “Барселона” ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 1998 дар ҳайати тими мунтахаби Фаронса соҳиби Ҷоми Ҷаҳон ва соли 2000 бошад Ҷоми Аврупоро ба даст овард. Хусусан дар муваффақияти соли 1998 саҳми Тюрам беназир аст. Ҳамроҳи “Парма” ҷоми УЕФА-ро ба даст овард. Сарфи назар аз он ки дар абардастаҳое чун “Ювентус”, “Барселона” бозӣ кардааст, ҳатто як бор ҳам бозии финалиро надида, фаъолияташро хотима бахшидааст.

Павел Недвед ситораи тобонтарини футболи Чех мебошад. Недвед ҳамроҳи “Парма” ва “Ювентус” чемпиони Италия шудааст. Мавсими 2002‐03 Недвед дар финали Лигаи чемпионҳо бо “Милан” бозӣ кард, аммо натавонист ҷоме, ки орзую хаёлаш буд, ба даст биорад.

Шонси охирини Буффон

Ҷанлуиҷҷи Буффон, афсонаи зиндаи “Ювентус” ду маротиба – мавсими 2002-2003 бо “Милан”, 2014‐2015 бо “Барселона” дар финали Лигаи чемпионҳо ба майдон баромад, вале ноком шуд. Буффон ҳамроҳи дастааш 8 бор қаҳрамони “Серия А”, соли 2006 бошад Ҷоми Ҷаҳонро болои сар бардошт. Тӯли 3 соли охир маротибаи дуюм аст, ки дастаи “Ювентус” дар финали Лигаи чемпионҳо бозӣ мекунад. Карйераи футболбозии Буффон ҳам ба охир расида истодааст, шояд ин охирин шонси дарвозабон барои ба даст овардани ҷоиза бошад.

– таҳияи Достиев Неъмат


Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s