Рӯза гиреду шифо ёбед!

Солҳои охир натанҳо дар кишварҳои мусулмоннишин, балки дар кишварҳои Ғарб низ рӯзадорӣ маъмул гаштааст. Зеро табибону коршиносон тадқиқотҳои зиёд гузаронида исбот карданд, ки рӯзадорӣ ба аксарият бемориҳо дармон мебошад.

Олмон яке аз кишварҳои дар соҳаи тиб пешрафта буда, дар 29 муолиҷахонаи ин кишвар тавассути рӯзадорӣ беморонро табобат карда истодаанд. Табиб ва коршиноси олмонӣ Ҳелмут Лютер қайд мекунад: “Рӯзадорӣ беҳтарин воситаи таббии тоза намудани меъда аз партовҳои заҳролудшуда дар тӯли солҳо ҷамъшуда мебошад”. Равоншиноси олмонӣ Юрген Вон Шедит бошад қайд мекунад: “Барои чашидани фазои маънавии ҷашнҳои динӣ тавассути рӯзадорӣ омодагӣ дидан муҳим аст”. 

Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми беморӣ, ҳам ҳайвонҳо ва ҳам инсонҳо аз истеъмоли ғизо даст мекашанд. Сабаби ин вақте ки вуҷуд дар хатар аст, он намехоҳад бо ҳазми ғизо машғул бошад. Зеро системаи ҳозима аз се як қисми энергияи баданро сарф мекунад. Дар ҳоле ки бояд тамоми қуввати бадан бо мубориза бар зидди беморӣ фаъол бошад. 

Доктор Отто Бучингер дар китоби худ “Рӯзаи шифобахш” қайд мекунад: “Ман ба бемории тарбод (ревматизм) гирифтор шудам. Рӯз то рӯз аҳволам бад мешуд. Дар охир зери назорати коршиноси олмонӣ Густав Ридл рӯза дошта, пурра аз беморӣ раҳо ёфтам”.

Бучингер аз болои зиёда аз 10 000 беморон тадқиқот гузаронида, ба хулосае омад: “Ба истиснои бемориҳои ба монанди пастии фишори хун ҳеҷ беморӣ нест, ки рӯзадорӣ табобат накунад. Рӯза ҷарроҳии таббии бидуни корд мебошад”.

Мутахассис Ҳелга Буглер фарқ байни гуруснанишинӣ (ҳамчун нишонаи эътироз аз хӯрок рӯ гардонидан) ва рӯзадориро чунин шарҳ медиҳад: “Ягона фарқи байни гуруснанишинӣ ва рӯзадорӣ нияти инсон аст. Рӯза амали мусбати хоҳишмандона аст. Гуруснанишинӣ бошад натиҷа ва раванди амали манфӣ аст. Тавре маълум аст хашму ғазаб ва асбоният дар меъда кислотаро истеҳсол намуда, гуруснагиро меафзояд. Шахси рӯзадор бошад гуруснагиро ҳис намекунад. Вале гуруснанишин бо гуруснагии тоқатфарсо рӯ ба рӯ мемонад”.

Ҳелмут Лютер дар асараш “Рӯзадор ба мисли кӯдаки навзод” қайд мекунад: “Аслан гуруснагие, ки рӯзадор ҳис мекунад, ин раванди табобат ёфтани вуҷуд мебошад. Ҳамин тавр тӯли якчанд соат бофтаҳои моддаҳои бемор ва зарарнок аз бадан ҷудо мешаванд. Ҳангоми рӯзадорӣ сабаби бӯйи даҳон низ аз ҳамин лиҳоз мебошад”. 

Мавриди зикр аст, ки дар рӯзҳои аввали рӯзадорӣ истеъмоли фаровони мева пораҳои боқимондаи гуштро дар меъда аз пӯсидан раҳо хоҳад кард. Ба ин васила дилбеҳезурӣ ва дарди сарро бартараф мекунад.

Саломат бошед!

– таҳияи Саид Муъмин


Фаъолияти самараноки организм ба маводи ғизоӣ вобаста аст

5 амали мамнуъ баъд аз хӯрдани хӯрок

Агар ҳамарӯза танҳо 4 дона бодом хӯрем

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s