Наҳории солим асоси муваффақият аст!

Хӯроки наҳориро ҳамчунин “хӯроки муваффақият” ном мекунанд. Наҳории солиму фоидабахш боиси муваффақ ва бобарор гузаронидани рӯз гардида метавонад. Зеро протеин ва маҷмӯи карбонгидратҳои дар ғизо мавҷудбуда мағзи сарро қувват мебахшанд ва ором карда зинда мегардонанд. Аз ин рӯ нақши наҳорӣ дар ҳаёти рӯзмарраи кӯдак бисёр муҳим аст. Протеин ва карбонгидратҳо барои дар давоми рӯз фаъол нигоҳ доштани кӯдак кӯмак мекунанд.

Кӯдаке, ки ҳар субҳ одати наҳорӣ карданро дорад, зеҳну идрокаш қавитар гашта, аз нигоҳи амалу рафтор низ бомувозинат хоҳад буд. Зеро бинобар санҷишҳои гузаронидаи табибон ва муҳаққиқон маълум шуд, ки кӯдакони ҳар саҳар наҳорӣ мекарда, дар ҷараёни таълиму таҳсил муваффақтаранд, диққаташонро болои чизе қулайтар тамаркуз мекунанд ва масъалаҳои мушкили арифметикиро тезтар ҳал мекунанд.

Баракс, кӯдаконе, ки ҳар пагоҳӣ одати наҳории солим карданро надоранд, дар двоми рӯз бемувозинат рафтор карда, майл ба истеъмол кардани хӯрокҳои тезтайёри ғайрисолим доранд. Чунин одати ғайрисолим боиси сар задани як қатор мушкилиҳо дар саломатии онҳо мешавад.


Мустақилияти рӯҳӣ-равонии кӯдак

Волидайн дар тарбияи фарзанд эътидолро риоя кунанд

Рафтори мусбати кӯдакро қадрдонӣ намоед!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s