Дар моҳи шарифи рамазон ҳамроҳи рӯзадорӣ, аз сабаби гурусна мондан, мушкилии бӯи даҳон низ ба миён меояд. Дар моҳи рӯза ҳам ҳаёти иҷтимоии мо идома меёбад ва ин мушкилӣ метавонад атрофиёни моро нороҳат созад. Аз тавсияҳои зерин истифода бурда, метавонед аз чунин мушкилӣ раҳо ёбед:
– Барои тоза кардани бактерияҳо ва боқимондаҳои хӯрок баъд аз ифтор ва саҳархӯрӣ дандонҳои худро бишӯед. Ҳангоми дандоншӯӣ ҳатман аз риштаи дандонтозакунӣ низ истифода баред;
– Ҳамроҳи дандонҳо шустани забонро низ фаромӯш насозед. Зеро тадқиқот нишон додаанд, ки бо шустани дандон танҳо 20%-и бӯйи даҳон коҳиш меёбад. Вале бо шустани забон бошад то 80%-и ин мушкилӣ бартараф мешавад;
– Вақте Рамазон ба фасли тобистон рост меояд одамон бештар ғизоҳои хунукро истеъмол мекунанд. Оби хунук бӯи даҳонро зиёдтар мекунад. Барои ҳамин сайъ кунед аз ғизҳои хунук даст кашида, хӯрокҳои гармро тарҷеҳ намоед;
– Ҳангоми саҳархӯрӣ ғизоҳоеро истеъмол кунед, ки махсуси наҳорӣ бошанд. Аз ҳасибҳо, гушти дудхӯрда ва хӯрокҳои дар таркибаш тундту тезӣ, ё сири зиёддошта худдорӣ кунед;
– Дар давоми моҳи рамазон меъдаи мо ҳамчун одат замони хӯроки нисфирӯзӣ ва шом моеи махсусе ихроҷ карда, боиси баромадани бӯи нохуш мешавад. Аз ин рӯ дар ин соатҳо ҳангоми сӯҳбату мулоқотгузаронӣ масофаро миёни худ ва мусоҳиб нигоҳ доред.
– таҳияи Достиев Неъмат