Кӯдаке, ки аз ҳад зиёд қанду ширинӣ мехӯрад, диққаташ парешон, инҷиқ ва бо осонӣ зуд асабӣ мешавад. Вале ин маънои онро надорад, ки кӯдакон бояд аз қанду ширинӣ парҳез кунанд. Диетологҳо истеъмоли меъёри рӯзонаро 0,5 грамм ширинӣ сари ҳар килои вазни кӯдак тавсия медиҳанд. Аз ин меъёр зиёд истеъмоли қанд боиси фарбеҳшавӣ, пӯсиши дандонҳо ва пайдо кардани тобеият ба ширинӣ шуда метавонад.
Баъд аз истеъмоли қанд организм онро ба глюкоза табдил медиҳад. Барои ҳазми глюкоза ҷисми одамӣ ба витамини В1 эҳтиёҷ пайдо мекунад. Аз ин рӯ, агар кас аз ҳад зиёд қанду шакар истеъмол намояд, ҳамон андоза барои ҳазми он организм ҳоҷат ба витамини В1 пайдо мекунад. Ин дар навбати худ захираи мавҷудаи витамини В1-ро дар бадан коҳиш медиҳад. Норасоии витамини В1 ба раванди ҳалшавии глюкоза халал расонида, боиси истеҳсол гардидани кислотаи ширӣ (lactic acid) дар бадан мегардад.
Аз ин рӯ кӯдакро доир ба мушкилиҳои аз ҳад зиёд истеъмол намудани қанду ширинӣ огоҳ намоед. Ҳамин тавр меъёри истеъмолро эътидол бояд нигоҳ дошт. Ҳамчунин набояд фаромӯш кард, ки истеъмоли бемеъёри чупа-чупс, пичиниҳои ширин, машруботи газнок, сақичҳо, торту мармалод барин анвои гуногуни қанду ширинӣ масунияти кӯдакро заиф мегардонанд.
Педагог ва педиатрҳо ба таври қатъӣ волидайнро ҳушдор медиҳанд, ки ҳаргиз “агар фалон корро иҷро кунӣ, ба ту қанд медиҳам” гуфта, ин навъи шириниҳоро ба мояи мукофот ва тимсоли орзушаванда табдил надиҳанд. Бахусус рӯзҳои идона кӯдаконро “қандборон” кардан, кори оқилона нест.
Мустақилияти рӯҳӣ-равонии кӯдак