Дар моҳи шарифи рамазон рӯзадор будан, нишона аз садоқат ва изҳори шукргузорӣ барои неъматҳои атошудаи Офаридгор аст. Азбаски ҳар амали рафтор ба худ адабу одоби хосро доро аст, дар баробари ба ҷой овардани фармони илоҳӣ, рӯзадорӣ бояд барои сиҳҳат ва саломатии рӯзадор мусоидат намояд. Аз ин рӯ дар аввал рӯзаро бо каме об ва 1‐2 дона хурмо кушодан фоидабахш аст. Агар хоҳед аз мушкилии ҳазм ва қабзи шикам ранҷ набаред, якбора ба обу хӯрок “ҳуҷум” накунед. Ба қадри имкон ифторро тулонӣ карда, оҳиста‐оҳиста хӯрок хӯред. Фаромӯш накунед, ки басуръат хӯрдани ғизо, боиси фарбеҳшавӣ низ мегардад.
Агар хӯроки ифториятон аз хӯроки аввал ва дуюм иборат бошад, пас аз хӯрдани 1 коса шӯрбо 10‐15 дақиқа сабр кунед. Якбора ба хӯроки асосӣ нагузаред. Сипас бо каме нону хӯриш меъдаро барои ҳазмкунӣ омода кунед. Ғизои асосиро аз хӯрокҳои гӯштию сабзавотӣ, лубиё, сихчакабоб, гӯшти мурғ, моҳӣ бо хӯришҳо интихоб карда метавонед. Вақти ифтор хӯришҳои аз сабзавот омодашударо зиёд истеъмол намоед.
Агар хоҳед аз қабзиёт азият накашед
Миёни ифтор ва саҳур сайъ кунед 2‐2,5 литр моеъ нӯшед. Барои таскин бахшидан ба ташнагӣ ба оби маъданӣ лимон афшурда нӯшидан фоидабахш хоҳад буд. Вале аз обҳои маъдании бо тамъи меваҷот ва нӯшокиҳои газдор дурӣ ҷӯед, зеро дар таркиби онҳо миқдори глюкоза хеле баланд аст.
Харбуза, тарбуз ва бананро камтар истеъмол кунед
Якбора баъд аз ифтор мева нахӯред. Танҳо баъд аз 1,5‐2 соати ифторкунӣ метавонед мева истеъмол намоед. Лекин ҳангоми истеъмоли меваҳои индекси гликемикиашон баланд – харбуза, тарбуз, анҷир ва ангур меъёрро риоя намоед.
Ғизоҳои тунду тез ва туруш, маҳсулоти гӯштии коркардшуда – ҳасиб, салями дар таркибашон намаки зиёд доранд. Ин гуна хӯрокҳо ҳамчунин бодиринги намакин ва маҳсулоти дар сирко хобонидашуда эҳтиёҷ ба обро афзуда, боиси фарбеҳшавӣ мешаванд. Барои таъмини бадан бо моеъ пеш аз ҳама об, помидор, бодиринг, мева, компот, шӯрбо, дуғоб, ҷурғот, оби маъданӣ ва чойҳои гиёҳиро тарҷеҳ диҳед.
Баъд аз ифтор каме фаъол бошед
Баъд аз як саоти ифтор кардан, ки меъда тамоми рӯз чизе нахӯрда буд, сайру гашт кардан ё бо фаъолияти сабуке машғул шудан фоидабахш хоҳад буд. Ҳамчунин қоим гардоинидани намози таровеҳ низ аз ҳикмат холӣ буда наметавонад.