Эҳтиёҷ

Ҷавоне падари сарватманд дошту дар зиндагӣ аз чизе тангӣ намекашид. Мафҳуми “нест” ё “нодорӣ” барояш комилан бегона буд. Охирин намуди мошинҳои сабукравро меронд. Рӯзе дилаш хост, ки моҳӣ бидорад.

Сабукрави хориҷиро канори дарё нигоҳ дошта, аз пушти мошин чангаки моҳидориро берун овард. Сипас, ба он каме гӯшт часпонда, ба дарё андохт. Чанд бор чангак алвонҷ хӯрд. Ҷавон ҳар бори онро берун кашидан холӣ медид. Боз каме гӯшт монда, аз сари нав ба дарё андохт. Ҳамин тавр хеле мунтазир шуд, вале ба бахташ моҳӣ намеафтод. Дар ин миён марде дар синну сол аз вай бузургтар назди дарё ҳозир шуд. Аз либосҳои жандаву фарсудааш маълум буд, ки марди фақирест. Ба чангаки куҳнааш алаф гиреҳ карда, ба об афканд. Ҷавон, ки аз бетолеии худ асабонӣ шуд, зери чашм ба марди моҳигир менигарист.

Чанде нагузашта мард чангакашро аз об кашид. Моҳии сафеде дар нӯги он бозӣ мекард. Ӯ моҳиро ба сатилаш андохт ва чангакро дуруст карда, дубора ба дарё афканд ва дере нагузашта боз берун кашид. Моҳии навбатиро ҳам ба сатил андохт. Ин ҳолат ҷавонро комилан ба ҳайрат овард. Вақте ки мард моҳии сеюмро ҳам ба сатил андохт, ҷавон тоқат накарда, назди ӯ рафт ва пурсид:

– Бибахшед, ман чанд соат мешавад, ки ин ҷо мунтазирам. Чангаки ман аз чангаки шумо дида навтару замонавитар аст, вале як моҳӣ ҳам надоштам. Шумо дар байни ним соат се моҳӣ гирифтед. Сирри ин дар чист?

Мард табассум дар чеҳрааш ҷавоб дод:

– Сирри ин эҳтиёҷ аст, додарам! Ба ин моҳиҳо фарзандони хурдсоли ман эҳтиёҷ доранд, чунки дирӯз аз моҳӣ сер нашуданд. Пеш аз омадан ба ин ҷо дуои бениҳоят карданд, ки шикорам барор гирад. Дуояшон қабул шуд!

– Башир Усмон, Ҳадяи зиндагӣ


“Аз хӯрдани ту ӯро ҳавас кунад, айб аст!”

Хирадманд ва саг

Ман кӣ будани ӯро медонам…

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s