Тарбияи фарзанд ва мавзӯи маҳрамият

Яке аз масъалаҳои муҳим дар мавзӯи тарбият аз он иборат аст, ки кӯдак бояд дарсҳои гирифтаашро фаромӯш насозад. Масъалаҳое, ки мо чандин сол бо садҳо кӯшишу ғайрат ба ӯ меомӯзем, дар ҳар давраи ҳаёт, бахусус, дар давраи ҷисмонияти худро эҳсос намудани кӯдак, бояд санҷида шаванд, то ки ҳамаи онҳо ба пуррагӣ зоеъ нашаванд. Давраи мактабхонии фарзанд, тамоси аввалини ӯ ва оғози даврае, ки кӯдак таъсири ҷисмониятро эҳсос мекунад, метавонад омили зоеъ гардидани ҳамаи омӯхтаҳои фарзанд шавад. Ҳоло мехоҳем мавзӯи ҷисмониятро мавриди баррасӣ қарор диҳам.

Даврони балоғат

Ба дурустӣ, синни булуғ барои муаллимон ва падарону модарон аз ҳама давраи мушкил ва ташвишовар мебошад. Дар ин давра агар фарзанд тарбияи дуруст надида бошад ва бо муқаррароти шаръӣ қаноатманд нагардад, мумкин аст, ки ӯ аз роҳи рост барояд ва бозпас гардонидани ӯ ба оила ва доираҳои худӣ хеле душвор хоҳад шуд. Воқеан, агар мо дар муқобили қувваҳои ҷисмонӣ, ки фарзандро ба роҳи хато мебарад, латоифи қалбиву рӯҳӣ ва олами ботинии ӯро бедор насозем ва агар дар муқобили тӯфони фисқу фуҷур ба дасти фарзанд сипари фазилатро надиҳем, мумкин аст, ки ӯ дар ботлоқи расвоиҳо дармонад.

Волидон ва муаллимоне, ки аз хосияти ин давраи инкишофи кӯдакон огоҳӣ надоранд, ҳамарӯза аз амали нодурусти фарзандони худ шикоят карда, мегӯянд: “Ана, боз дуздӣ кардааст, дурӯғ ҳам мегӯяд, бо занҳо дағал муносибат мекунад, ҳатто муқобили гапи волидонаш рафтор мекунад…” Ҳол он ки бояд мо ӯро бо завқу лаззатҳои шаръӣ қаноатманд намуда, нагузорем, ки ӯ ба дилхушиҳои ғайримашрӯъ, ки садҳо аламро ба ҳамроҳ дорад, рӯ оварад ва қалбу рӯҳи худро олуда созад.

Ҳоло мехоҳем, дар атрофи мавзӯи ҷинсият чанд нуктаро таъкид намоем. Вақте “мавзӯи ҷинсият” мегӯем, пеш аз ҳама он давраеро дар назар дорем, ки шахс ҳавасоти ҷисмониву шаҳвониро дар вуҷуди худ эҳсос намуда, дар зери таъсири онҳо мемонад. Агар ҳолатҳои истисноиро сарфи назар намоем, эҳсоси ҳавасоти шаҳвонӣ аз давраи расидан ба синни булуғ оғоз ёфта, торафт таъсираш зиёд мешавад ва дар рафтору ҳаракоти мустақими инсон ноустувориҳо ба миён меорад. Ба истиснои баъзе ашхоси дорои фитрати баланд, ин аҳвол қариб дар ҳама инсонҳо якранг сурат мегирад. Дар ин давра агар кӯдак соҳиби мафкураи баланд набошад, шахсиятҳои идеалиро нашиносад, қалбаш бо олами маънӣ машғул набошад, рӯҳаш аз моварои табиат илҳом намегирифта бошад, дар андешаи наҷот ёфтани худ ва мардумони дигар набошад, пас номумкин аст, ки ӯ дар зери тазйиқи ҳавасоти башарӣ қарор нагирад. Аз ин рӯ, вақте ки як намояндаи ҷинси латиф зан будани худро дарк мекунад ва мард ба моҳияти мардонагии худ сарфаҳм меравад, дар ин давра хеле табиӣ аст, ки онҳо оиладор шаванд, зеро чунин як маҷбурият эҳсос мешавад. Муҳим он аст, ки ҳеҷ яке аз онҳо иллате ба монанди ошуфтагию девонагӣ ва ғайра надошта бошанд.


Тифли солимро орзу кардан кам аст, балки онро сазовор бояд гашт!

Рафтори мусбати кӯдакро қадрдонӣ намоед!

Волидайн дар тарбияи фарзанд эътидолро риоя кунанд

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s