Доир ба оиладоршавии фарзанд

Воқеан ҳам, барои онҳое, ки дар мавзӯи оиладорӣ иллате надоранд, роҳи маъқултарини дур шудан аз фисқу фуҷур ва нигоҳдории чашму дил аз ҳаромҳо издивоҷ аст. Оиладор кардани фарзанд аз ҷумлаи вазифаҳои волидон мебошад ва фарзанд метавонад, ки ба василаи издивоҷ баъзе ҳиссиёти ҷисмониро дар вуҷидаш забту рабт намояд.

Дар ин давра назорат аз болои кӯдак барои волидон ва тарбиятгарон хеле муҳим аст. Агар онҳо саривақт аз аҳволи фарзанди худ, ки мисли ғунча мешукуфад, огоҳ шаванд ва дарди ӯро ташхис намуда, чора ҷӯянд, онҳо пеши роҳи чандин зуҳуроти нохуши рӯҳиро мегиранд. Аслан, агар чунин як ташхис гузаронида нашуда бошад, дар он ҳолат эҳтимоли қавии сар задани баъзе ҳолатҳои нохуб вуҷуд дорад.

Мавриди тазаккур аст, ки бо хаёлоти зоҳидона қасдан дурӣ ҷустан аз издивоҷ ва ҳаёти оилавӣ асло раво нест. Воқеан, пешгирӣ намудани ҳавасоти башарӣ бо роҳҳои ғайритабиӣ, агарчӣ бо ниятҳои улвӣ бошад, дуруст набуда, ба ҳикмати илоҳӣ муғойир аст. Бахусус, агар муҷаррад мондан боиси сӯистифода шавад ва ошуфтагию баъзе рафторҳои номақбулро ба дунбол дошта бошад, дар он ҳолат издивоҷ ҳамчун омили созанда ва танзимкунандаи ҳаёти фардӣ амалӣ мегардад.

Аммо боиси таассуф аст, ки баъзан иҷдивоҷи номувофиқ ҳам аз даврони муҷаррадӣ дида, зиёни бештар меорад. Аз ҷумла вақте мард занро ба иҷрои корҳое маҷбур мекунад, ки ба табиати зан созгор нест, ё вақте зан мардро аз корҳои аслияш боздошта, бо мушкилиҳои хонаводагӣ андармон мекунад ва ё шарт мегузорад, ки барояш ҷавоҳироту маҳсулоти ороишии гаронбаҳо харидорӣ кунанд ва ғайра…

Имрӯз ҳамаи инҳо дар ҳаёти оиладорӣ хеле зиёд ба назар мерасад. Аммо сабабҳои чунин муноқишаҳои оилавиро танҳо дар издивоҷ дидан нодуруст аст. Балки сабабҳои чунин кашмакашиҳоро аввал дар номуносибии ҷуфтҳо, баъдан дар зантабиатии мард ва мардтабиатии зан ҷустан мувофиқтар мебуд. Бахши аъзами оиладориҳое, ки бе назардошти асолат, наслу сулола, тарзи тафаккур ва андешаронӣ ба миён меоянд, ҳамчун драмаи ҳузнангез ё чун фоҷиа ба поён мерасанд.

Зуҳуроти ба зан монанд шудани мард ва ба мард монанд шудани зан ба сифати як маризӣ ё лаънатзадагӣ дар ҷомеаи муосир ривоҷ ёфта, ба ҷуз онҳое, ки ақлу дилро ба кор мебаранд, кам касоне ҳастанд, ки аз ин иллат раҳо ёбанд. Ҳол он ки вақте Худованд бо қонунҳои гузоштааш дар фитрати инсон ва тавассути фармудаҳои қатъияш ҳамаи паҳлӯҳои ин масъаларо ба таври рӯшан баён доштааст.

Бале, вақте ҷавонон ба синни издивоҷ мерасанд, агар дар онҳо норасоиҳои зикршуда набошад, онҳоро ҳатман оиладор карда, ба ин восита аз доираи ҳаром ва сӯиистифодаҳои гуногун нигоҳ бояд дошт. Онҳое, ки имконияти молӣ надоранд, як муддат, яъне то пайдо намудани шароит барои оиладорӣ бояд тавассути ибодатҳо ва рӯзадорӣ аз зиёд хурдан парҳез кунанд ва ҳамин тавр худро аз зиёни ҳавасоти башарӣ эмин нигоҳ доранд. Дар акси ҳолат душвор аст, ки ҷавони муҷарраде дар баробари хӯрду хӯрок ва истироҳати барзиёд покдоману боиффат бошад. Бахусус, дар шароите, ки ҳар гуна шабакаҳои бадбунёд дар ҷомеа беист фаъолият мекунанд.


Моҳият ва аҳамияти никоҳ

Тарбияи фарзанд ва мавзӯи маҳрамият

Фотиҳа ва муҳлати шиносшавии ҷуфти оиладормешуда

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s