Беморони қанд рӯза медоранд ё не?

Бо фарорасии моҳи шарифи рамазон рӯза доштан ё надоштани шахсони бемор, махсусан беморони қанд (диабет) мавзӯи баҳс мегардад. Табибон қайд мекунанд, ки масъалаи рӯзадории ҳар як бемор бояд фардан, яъне алоҳида баррасӣ шавад. Баъзе беморони қанд метавонанд бе мамоният рӯза бидоранд, вале ба гурӯҳи дигари ин беморон доштани рӯза тавсия дода намешавад. Зеро дар ин маврид онҳо метавонанд саломатии худро ба таҳлука гирифтор намоянд.

Дар беморони қанди навъи 1-ум ва баъзеи беморони навъи 2‐юм, ки мунтазам инсулин истифода мебаранд, хатари поён шудани қанд (гипогликемия) зиёд аст. Аз ин рӯ муддати тӯлонӣ гурусна мондани организм барои онҳо метавонад хатарнок бошад. Вале бахши муҳиме аз беморони қанди навъи 2-юм ба истифодабарии инсулин дар давоми рӯз эҳтиёҷ надоранд. Бемороне, ки сатҳи қандашонро мунтазам назорат мекунанд ва табобаташонро бо дорувориҳои диабетӣ (ба истиснои дорувории инсулин) идома медиҳанд, бо иҷозати духтур метавонанд рӯзадор бошанд. Пас, агар табиб муносиб донад, чунин бемор метавонад ҳангоми саҳурӣ дорувории лозимаро хӯрад ва тақзияи солимро риоя карда, дар моҳи рамазон рӯза бидорад.

Беморони қанд дар рамазон ба чӣ чизҳо бояд диққат диҳанд?

– Бо кӯмаки табиб ва диетолог миқдори калорияи рӯзонаро муайян намуда, мувофиқи моҳи рамазон як барномаи ғизоӣ тартиб диҳанд;

– Ба ғайр аз хӯрокҳои ифтор ва саҳур миёни соатҳои 10‐11 шаб бо истеъмоли як навбат хӯроки дигар, шумораи ғизоҳои рӯзонаро ба се баробар кунанд;

– Нони сафед, маҳсулоти хамирӣ, оши палов, макарон, картошка барин маҳсулот номгӯи карбогидратҳои содае (углевод) мебошанд, ки индекси глекимикиашон (эҳтимоли баланд кардани қанди хун) баланд аст. Даст кашидан аз маҳсулоти зикргардида барои беморони қанд тавсия дода мешавад;

Беморони қанд дар саҳурӣ ва ифтор чӣ хӯранд?

Беморони қанд ҳангоми саҳурӣ метавонанд ғизоҳои аз сафеда бой ба монанди шир, панир, ҷурғот, тухм ва зайтунро истеъмол намоянд. Зеро маҳсулоте, ки таркибашон аз сафеда бой аст, дар меъда дертар ҳазм шуда, баданро дар давоми рӯз бештар бардам нигоҳ медоранд. Беморони қанд истеъмоли витаминҳоро низ фаромӯш накунанд. Помидору бодиринг ва меваҳо дар таркиби худ витаминҳои гуногунро дороанд. Дар ифтор шӯрбои камравған, сихчакабоб ё гӯшти мурғ, хӯрокҳо аз лӯбиё, нахуд, наск, сабзавот ва хӯрокҳои бо равғани зайтун омодашударо тарҷеҳ додан муфидтар хоҳад буд.

–таҳияи Достиев Неъмат


Аҳамияти хӯрокхӯрии солиму дуруст дар моҳи рамазон

Рафъи бӯйи даҳон ҳангоми рӯзадорӣ

Рӯза гиреду шифо ёбед!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s