Омӯзиши одоби тағзияи солим ба кӯдак

Агар ба кӯдак аз синну соли хурдӣ одати тағзияи солим касб карда шавад, вай дар солҳои баъдии ҳаёташ аз ин навъ одати мусбат баҳравар хоҳад гашт. Завқ ва тарҷеҳ дар интихоби хӯрок, ки аз хурдсолӣ аз ҷониби волидайн ба фарзанд одат кунонида мешавад, дар калонсолияш низ аз худ дарак медиҳад. Аз ин рӯ ҳар чӣ бештар барои тағзияи кӯдак хӯроку хӯришҳои солиму лозима интихоб карда шаванд.

Волидайн ба моддаҳои зайл диққат диҳанд:

– Аз солҳои аввали тағзия интихоб кардани хӯроку хӯришҳои солиму табиӣ завқу лаззати хӯрдани кӯдакро инкишоф дода, сифати тағзияро дар ӯ баланд мекунад. Ҳамин тавр дар солҳои баъдӣ кӯдак ба ҳар гуна ширинӣ, хӯрокҳои аз ҳад зиёд намакин, коркардшуда ва тезтайёрҳо майл накарда, кӯшиш мекунад, ки доим хӯроки аз витамин ва моддаҳои фоидабахш ғаниро тарҷеҳ намояд;

– Вақтҳои муайяни хӯрокхӯрии асосӣ ва навбати тағзияи иловагии сабук иборат аз меваю сабзавот кӯдакро аз тағзияи ғайрисолим, ки аз қанду шириниҳо иборат буда метавонад, манъ мекунад;

– Омӯзиши одоби тағзияи солим ба кӯдак сармоягузории муфиде барои ояндааш шуда метавонад. Ҳамин тавр кӯдак интихоби дурусти хӯроки лозимаро аз худ карда, дар тӯли ҳаёт саломатияшро ҳифз мекунад;

– Ҳамчунин, ҳангоми касб намудани одати тағзияи солим ба кӯдак, бояд одоби аз исроф ҳазар кардан низ тарбия карда шавад. Ҳангоми истеъмол ба меъёри хӯрок ва машрубот диққат бояд дод. Аз ин рӯ кӯдак ба пурхӯрӣ маҷбур карда нашавад;

Ба касе пӯшида нест, ки бинобар фаровонии анвои хӯрокворӣ, имрӯз кӯдакони хурдсол аз фарбеҳии зиёд азият мекашанд. Сабаби чунин пурхӯрӣ бемеъёр ва беинтизом истеъмол намудани хӯрока аст. Аз ин рӯ омӯзиши одобу адаби хӯрокхӯрӣ, тағзияи солим ва исроф накардани ризқи атошуда кӯдакро бофаросат гардонида, боиси сиҳҳату тануманд ба воя расиданаш мешавад. Фарди ҷомеа бояд аз хурдсолӣ омӯзад, ки мо то гурусна намонем, ба сари дастархон наменишинем ва то серӣ нахӯрда, аз сари дастархон бармехезем.


Наҳории солим асоси муваффақият аст!

Истеъмоли аз меъёр зиёди қанду ширинӣ зарар дорад!

Тарбияи фарзанд ва мавзӯи маҳрамият

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s