Раҷ Панҷобӣ: “Дур зистан аз беморхонаҳо набояд боиси марги инсон шавад”

Беморӣ умумиҷаҳонист, аммо дастрасӣ ба давои он чунин нест. Табиб Раҷ Панҷобӣ чунин ақида дорад, ки тиб бояд дар ҳама ҷо ва ба ҳамагон дастрас бошад. Бояд қайд кард, ки Раҷ Панҷобӣ сазовори “Ҷоизаи TED-2017” гардид. Ва ҳамакнун бо маблағи ин ҷоиза Академияи ҷомеаи солимро бунёд мекунад, ки мақсади ин платформаи ҷаҳонӣ барои амалӣ гардидани ақидаи Панҷобӣ равона карда шудааст. Яке аз ҳадафҳои асосии платформаи мазкур омӯзиши малакаҳои ҳаётан муҳим ба кормандони ҳифзи тандурустӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ барои онҳо мебошад.

Раҷ Панҷобӣ ҳанӯз 9-сола буд, ки дар мамлакаташ Либерия ҷанги шаҳрвандӣ сар зад. Оилаи ӯ гурезаи ҷанг шуда, дар Королинаи Шимолӣ қарор гирифтааст. Панҷобӣ соли 2005 дар соҳаи тиб соҳиби маълумоти олӣ гардида, ба Либерия баргашт. Ӯ аз системаи харобшудаи соҳаи тиб дар ҳайрат афтид. Чунки танҳо 50 нафар духтур барои табобати 4 млн инсон боқӣ монда буд.

Панҷобӣ соли 2007 бо як гурӯҳи шаҳрвандони Либерияи ҷангзада, кормандони тандурустӣ ва сармояи 6000 доллар, ки дар тӯяш ҳамчун ҳадя гирифта буд, Ташкилоти тиббии “Last Mile Health”-ро таъсис медиҳад. Сараввал онҳо ба табобату нигоҳубини беморони ВНМО-ро ба ӯҳда мегиранд. Ҳамин тавр “Last Mile Health” ба яке аз ташкилотҳои боваринок табдил ёфта, бо Ҳукумати Либерия барои ҷалб намудан, омӯзондан ва бо кор таъмин намудани кормандони соҳаи тиб ҳамкорӣ мекунад, то ки минтақаҳои гуногуни Либерия аз хизматрасониҳои тиббӣ бебаҳра намонанд.

Дар соли 2016 кормандони тандурустии ин ташкилот 50 ҳазор беморро табобат карданд, ки 22 ҳазори он кӯдакони гирифтори бемориҳои вараҷа, илтиҳоби шуш ва дарунравӣ буданд. Ҳарчанд ки фаъолияти ташкилот ба ёрии аввали тиббӣ равона карда бошад ҳам, дар давраи бӯҳрони тиббӣ аз шабакаи бароҳмондаи он фаъолона истифода бурда мешавад. Дар мубориза бар зидди эпидемияи эбола “Last Mile Health” вокуниши ҳукуматро дастгирӣ намуда, 1300 нафар корманди соҳаи тандурустиро дар ҷанубу ғарбии Либерия омӯзонидааст.

Раҷ Панҷобӣ соли 2015 ба рӯйхати “50 роҳбари бузургтарини ҷаҳон”-и нашрияи Fortune ва соли 2016 ба рӯйхати “100 шахсияти бонуфузи ҷаҳон”-и маҷаллаи TIME ворид гардида буд.

Баромади навории Раҷ Панҷобӣ дар TED

– таҳияи Махсумова Манижа


Чӣ тавр аз моддаҳои зарарноки дар таркиби сабзавот ва мева мавҷудбуда халос шавем?

Аввал хӯрок ва баъд нӯшокӣ, ё баръакс?

Помидор метавонад саратони меъдаро пешгирӣ кунад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s