Фаъолияти самараноки организм ба маводи ғизоӣ вобаста аст (3)

Ғизои майнаи сарро витамину минералҳо ташкил медиҳанд, чунки маҳз онҳо тамоми фаъолияти онро муътадил нигоҳ медоранд. Аз ин рӯ барои амалкарди майнаи сар витамину минералҳои зерин заруранд:

Витаминҳои гурӯҳи B

Яке аз ҷузъҳои муҳими майнаи сари инсон ба шумор мераванд ва ба кори муътадили он мусоидат мекунанд. Ин навъи витаминҳо бештар дар сабӯс, ҷигар, лӯбиё ва зардии тухм мавҷуданд;

Глюкоза

Барои фаъолияти беҳтар майнаи сари инсон ба глюкоза ниёзд дорад. Глюкоза дар таркиби асал, мавиз ва зардолуи хушк фаровон мавҷуд аст;

Омега-3

Яке за муҳимтарин кислотаҳои чарбуӣ ба шумор рафта, камбудии онҳо ба нутқ ва аз ҳама муҳимаш ба гардиши хун таъсир мерасонанд. Омега‐3 ба тунукшавии хун мусоидат мекунад. Тромбозу атеросклерозро бартараф карда, бемориҳои системаи дилу рагро пешгирӣ мекунад. Гӯшти моҳиҳои самак ва озодмоҳӣ аз кислотаи Омега‐3 хеле бой мебошанд;

Оҳан

Як аз элементҳои муҳим барои фаъолияти мағзи сар оҳан дониста мешавад. Оҳанро дар таркиби себи сабз, лӯбиё ва ҷигар пайдо кардан мумкин аст;

Магний

Ин элемент майнаи сари моро аз таъсири стресс ҳимоя мекунад. Магнийро метавон дар тарикиби марҷумак, биринҷ ва лйбиё дарёфт кард.

– таҳияи Достиев Неъмат


Хатари биринҷи маргимушдор

Варзиш инсонро оқилтар мекунад

Ҷигарро саломат нигоҳ доред!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s