Издивоҷ ҳаётро солимтар мекунад!

Иттиҳодияи бемориҳои дилу раг дар Британияи Кабир зимни як конфронс натиҷаи як тадқиқоти хеле аҷиберо пешкаш намуд, ки фоидабахш будани издивоҷро барои саломатии инсон исбот мекунад. Муҳаққиқон исбот кардаанд, ки ҳаёти оилавӣ метавонад хатари бемориҳои дилу раг ва дигар бемориҳои барои инсон ҳалокатоварро бартараф кунад. Зеро раванди оиладорӣ ҳамчун шифо таъсир мерасонидааст.

Ба гуфтаи Пол Картер, яке аз муаллифони тадқиқот, издивоҷ барои инсон зарурӣ ва муфид мебошад. Зеро он умрро дароз намуда, саломатиро ҳифз мекунад. Картер инчунин қайд мекунад, ки оиладорӣ таъсири бади омилҳои манфиро ҳамчун сатҳи баланди холестерин дар хун, фишорбаландӣ ва мушкилиҳои дигар, ки метавонанд боиси бемориҳои системаи дилу раг гарданд, коҳиш медиҳад. Табибон кашфиёти мазкурро чунин маънидод мекунанд: “Шахси наздик (шавҳар/завҷа) дар чунин маврид метавонад ба риояи тартиби тағзияи солим исрор кунад, ки боиси коҳиш ёфтани сатҳи холестерин дар хун ё кам шудани вазн гардад”. Маҳз ғамхорӣ ва дастгирии ду шахси бо ҳам наздик ба раванди шифоёбӣ ё пешгирии ҳар гуна бемориҳои ҳалокатовар таъсири мусбат расонида, зану шавҳарро ба ҳамдигар қаринтар месозад. Чунин муносибати байни ҳам дар баробари таъсири ҷисмонӣ ҳамчунин таъсири равонӣ мерасонад, ки барои раванди шифоёбии бемор нақши муҳимро мебозад.

Тадқиқоти мазкури тули 14 сол идома ёфта, дар он қариб як миллион шаҳрвандони Британия бо мушкилоти гуногуни саломатӣ ширкат варзиданд. Дар ин муддат олимон тавонистанд муйаян кунанд, ки шонси тӯлонитар дар қайди ҳаёт мондани марду занҳои оиладор, ки синну солашон аллакай аз 50 гузаштааст, нисбат ба нафарони муҷарраду танҳо то 16% афзунтар аст.

– таҳияи Достиев Неъмат


Чӣ гуна нафарон оиладор нашаванд?

Оё дар ҳақиқат барои оиладор шудан омода ҳастед?

Коғази сафеди кӯчак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s