6 тамрини таскинбахш барои дарди гардан

Дарди гардан аксар вақт бо сабаби аз ҳад зиёд беҳаракат мондани инсон ва тарзи нишасти нодуруст ё нороҳат будани рахти хобу болишт буда метавонад. Аз ин рӯ, бахусус дар вақти корӣ баъд аз ҳар як-ду соат аз ҷойи нишаст бархеста тамринҳо сабуки ҷисмониро ба ҷой овардан фоидабахш аст. Ҳамин тавр, ҳангоми чунин тамринҳои сабук, шумо метавонед фишори гарданро бо тамринҳои мазкур сабуктар кунед.

Ба ҳар ҳол, агар дарди гардан давомнок асту замони тӯлонӣ боз шуморо азият медиҳад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Тамрини №1

1

а. Сарро ба тарафи чап гардонида, бо эҳтиёт то ба китф расидани манаҳ сарро хам кунед. Дар ҳамин шакл сарро 2 сония нигоҳ доред. Ҳамин тавр сарро ба тарафи рост гардонида, то расидани манаҳ ба китф сарро хам карда, 2 сония нигоҳ доред;

б. Сарро ба тарафи чап гардонида, ба ҳадди имкон ба пушт кашида, ҳамин тавр сарро ба тарафи китфи рост тоб диҳед ва дар ҳамон шакл 2 сония нигоҳ доред. Ҳамин тавр тамринро баракс иҷро карда, такрор намоед;

в. Тамрини №1-ро 10 маротиба такрор кунед.

Тамрини №2

2

а. Манаҳро болои ду кафи даст ниҳода, новобаста ба фишори дастон сарро ба поён хам кунед;

б. Баъдан манаҳро сар надода, сарро ба пушт партоеду новобаста ба фишори дастон сарро аз пушт ба пеш хам кунед;

в. Тамрини №2-ро 10-20 маротиба такрор кунед.

Тамрини №3

3

а. Ду кафи дастро дар пушти сар бо ҳам пайваста, кӯшиш кунед бо фишор овардан сарро ба пушт хам кунед. Бигзор, ҳангоми зӯр овардан аз болои дастон, фишорро мушакҳои гардан ҳис кунанд;

б. Ҳамин тавр кафи дастонро сар надода, сарро ба пеш хам кунеду кӯшиш кунед, сарро ба пушт баред. Боз ҳам, бигзор, ҳангоми зӯр овардан аз болои дастон, фишорро мушакҳои гардан ҳис кунанд;

в. Тамрини №3-ро 10-20 маротиба такрор кунед.

Тамрини №4

4

а. Кафи дасти ростро ба як тарафи сар такя карда доред. Новобаста ба фишори даст, сарро ба тарафи дасти рост хам кунед ва ҳамин тавр боз ба тарафи дасти чап хам кунед. Фишорро бояд мушкаҳои гардан ҳис кунанд;

б. Ҳамин тавр тамрини мазкурро бо дасти чап ҳам такрор намоед;

в. Тамрини №4-ро 10-20 маротиба таакрор кунед.

Тамрини №5

5

а. Дасти чапро ба болои сар монед. Бо эҳтиёт сарро ба тарафи чап ба қадри имкон хам карда, дар ҳамин вазъият 20-30 сония нигоҳ доред.

б. Ҳамин тавр дасти ростро низ ба болои сар монда, тамринро такрор намоед;

в. Тамрини №5-ро 3 маротиба такрор кунед.

Тамрини №6

6

Пушти гарданро 3-5 дақиқа масҳ кунед. Чунин амал дарди гарданро таскин мебахшад.

Саломат бошед!


Издивоҷ ҳаётро солимтар мекунад!

Рафъи бӯйи даҳон ҳангоми рӯзадорӣ

Беморони қанд рӯза медоранд ё не?

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s