Бозӣ заковати кӯдакро инкишоф медиҳад

Барои кӯдакони синни аз 0 то 6-солагӣ интихоби бозиҳое, ки ҷисм, эҳсосот, ҷиҳати иҷтимоишавӣ, заковат ва забономӯзии кӯдакро инкишоф медиҳанд, нақши муҳимро мебозад. Дар вақти бозӣ кардан кӯдак хурсанд мешавад. Чӣ тавре ки барои рушди солими ҷисмонӣ-равонии кӯдак ногоҳубин кардан, ғамхорӣ намудан муҳим аст, нақши бозича ва раванди бозикунӣ ҳам дар инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак аҳамияти хоса дорад.

Кӯдак бо роҳи бозӣ фикр кардан, мустақилона қарор гирифтан, масъулиятшиносӣ, нозукияти ҳамкорӣ, аҳамияти тақсим кардан бо дигарон, хулосабарорӣ ва болои масъалае равона кардани диққатро меомӯзад. Ҳамин тавр ӯ моторикаи узвҳо, малакаҳои иҷтимоиву муколама, тахайюлу эҷодкорӣ, тамаркуз намудани диққат ва дуруст ба кор бурда тавонистани таҷрибаҳояшро аз худ мекунад. Кӯдак бо роҳи бозӣ рафиқону ҳамсолонашро мешиносад ва аз ҳисси бегонагӣ халос мешавад. Бахусус бозиҳое, ки кӯдак дар онҳо нақшҳои гуногуни хаёлиро бозӣ мекунад, дар симоҳои мухталифи иҷтимоӣ санҷидани худ ва изҳор намудани эҳсосоти дарунияш имкон пайдо мекунад.

Раванди бозикунӣ мушакҳои баданашро низ инкишоф дода, кӯдакро қавитар мекунад. Ҳамчунин мароқи омӯзиш дар рафти бозӣ ӯро барои таҳқиқу шинохти муҳиту ашё ва аз пайи ҳалли мушкилот шудан водор мекунад. Чунин таҷрибаомӯзӣ ба кӯдак имкони ифода карда тавонистани фикру андешаи худ ва аз худ кардани гуфтаҳои дигаронро қулай месозад. Бо ин роҳ захираи луғавии кӯдак рӯз аз рӯз ғанитар гашта, адабу одоби зиндагониро боз ҳам тариқи бозӣ меомӯзад.

Ҳамчунин кӯдак бо роҳи бозӣ кардан аз ваҳму хаёлҳои хомаш раҳо ёфта, эҳсосоташро идора карда тавонистанро меомӯзад. Орзуҳояшро қисман ҳам бошад тариқи бозӣ амалӣ карда, аз ин хурсанд мешавад. Ва аз ҳама муҳим, ҳангоми саргарми бозӣ шудани кӯдак, волидайн низ ҳамроҳаш бозӣ кунанд. Дар вақти бозӣ зуд-зуд бо кӯдак тамоси биноӣ созед. Кӯдак бояд хуш вақтгузаронии волидайнро бо ӯ ҳис кунад. Чунин муҳити мусбат барои инкишофи рӯҳӣ-равонии солим мусоидат хоҳад кард.


Омӯзиши одоби тағзияи солим ба кӯдак

Мустақилияти рӯҳӣ-равонии кӯдак

Тарбияи фарзанд ва мавзӯи маҳрамият

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s