Дар интихоб мустақил бошед! (1)

13 сол пеш, вақте мактабро хатм мекардем, аҳли ҳамсабақон тасмим гирифтем, ки як лавҳаи хотира бисозем. Лавҳа аз тариқи барномаи компютерӣ таҳия шуда, аз акси ҳар як хатмкунанда иборат буд, ки зераш солҳои таҳсил дар мактаб, суроғаи ҷои зист дарҷ гашта буд. Аз поёни ин бошад, ҳар хонанда хоҳиш ё орзуи худро ва ё ҳадафи минбаъдаашро баён дошта буд. Чунончи: “Дар оянда мехоҳам духтур шавам ва барои ҳифзи соламатии мардум хизмат намоям”, “Мехоҳам, ки муҳандиси сохтмон шавам ва биноҳои баландошён бунёд созам”, “Синамогар шудан мехоҳам…”, “Омӯзгор шудан мехоҳам…”, “Корманди бонк шудан мехоҳам…” ва ғ. Ҳар кас касберо, ки он шабу рӯз мехост ё орзу мекард, номбар ва сабаби интихобашро ва барои ҷомеаву миллат ба чӣ кор омадани он маслакро низ зикр карда буд.

Албатта, на ҳама касби дар лавҳа баёндоштаашро интихоб кард, вале аксарият соҳибкасб шуданд, мутахассис гардиданд ва ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҳаёт фаъолият доранд. Бо вуҷуди беш аз даҳ сол сипарӣ шудан нафаре ҳам дорем, ки мегӯяд, аз касби интихобкардаам қаноатманд нестам ва мехоҳам коре дошта бошам, ки зуд муваффақ шавам. Аммо ин ҷо калимаи “муваффақ” ба маънои сарватманд, пулдор меояд…

Воқеан, ин шабу рӯз дар тамоми ҷумҳурӣ толибилмони зиёде мактаби таҳсилоти миёнаро ба итмом мерасонанд. Ҳар яке мехоҳад, пайи таҳсил равад, касберо интихоб кунад, ки дар он соҳиби обрӯ гардад. Вале интихоби касб гуногун сурат мегирад, балки ду гунаи интихоб бештар маъмул аст: яке бо тавсия ё роҳнамоии волидон, дигаре бо хости дили худ.

Аммо бояд зикр кард, ки интихоби касб тасмим ё қарори нисбатан фардӣ аст ва озод буданаш даркор аст. Зиёд мебинем дар оилаҳое, ки падар ва модар корманди соҳаи тиб бошад, ҳатман мехоҳанд, ки фарзандашон ҳам касби эшонро интихоб кунад. Ё падар муҳандис бошад, писарашро ҳатман муҳандиси оянда дидан мехоҳад. Бисёр вақт хостаи волидон ва фарзандон ба ҳам бармехӯрад. Писар мегӯяд, волидонаш ҳарфи дили ӯро гӯш намекунанд, ӯро озод намегузоранд. Волидон андеша доранд, ки писар ё духтарашон дар интихоб аз рӯи ҳавову ҳавас амал мекунад, Интихобаш дар оянда ба ӯ обрӯ намеорад ва ғ.

Албатта, ин андеша ҳам саҳеҳ аст, ки ҷавонон дар интихоб рӯякӣ ва сарсарӣ ё аз рӯи ҳавас амал мекунанд. Мебинанд, ки кадом ҳамсоя ё шиноси оилаашон корманди фалон соҳа аст, муваффақ аст. Бинобар ин мехоҳанд мисли ӯ бошанд, касби ӯро интихоб кунанд.

(давом дорад)


Боирода бояд буд!

Орзуе дорам!

Бо коре машғул бошед, ки бароятон дилписанд аст!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s