Онҳо хомӯширо авло донистанд-10

Фаромӯширо интихоб кард

rothГенри Рот (1906-1995)

Генри Рот фарзанди оилаест, ки ба Амрико муҳоҷир шуда буд. Ӯ саргузашти амрикоияшро дар 28-солагиаш бо таълифи романе баён кардааст. Вале ин асар чандон таваҷҷуҳе ба даст наовард. Аз ин лиҳоз Рот шуруъ аз устои қубурсоз (сантехник) то парастори беморон дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ ба як қатор корҳои гуногун машғул шуд. Чун романи нависанда баъди 30 сол аз нав ба нашр расид, дар Амрико ҳаводорони зиёде пайдо кард. Ҳатто ба сифати як асари классикӣ пазируфта шуд. Ҳамин тавр, Генри Рот то поёни умри худ ба истиснои як китоб дигар чизе нанавишт. Дар маҷрои зиндагӣ фаромӯширо интихоб кард.

Бо фавти ҳамсараш навиштанро тарк кард

xhimenesХуан Рамон Хименес (1881-1958)

Хуан Рамон Хименес соли 1956 сазовори ҷоизаи Нобел дар бахши адабиёт гашта буд. Аммо он рӯз ки ҷоизаро ба даст мегирифт, хабари ногувори аз бемории саратон фавтидани ҳамсари маҳбубаш – Зенобиаро шунид. Бино ба қавли хизматгораш Хименес бо шунидани хабари фоҷиавии даргузашти ҳамсараш ҷоизаро ба замин афканда, пора-пора мекунад. Шоир баъд аз ин воқеа ҳатто як мисраъ ҳам нанавишт, балки ҷумлае, ки хос ба як Бартлбӣ бошад, боқӣ гузошт: “Беҳтарин маснавии ман пушаймон шуданам аз ҳамаи маснавиҳоям аст”.

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


 

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s