Дар интихоб мустақил бошед! (2)

Волидон, албатта, ҳақ доранд, ки моро дар интихоб роҳнамоӣ кунанд, кадом касб барои мо беҳтар аст ва бубинанд, мо қобилият ва махсусиятҳои кадомеро дорем, сипас маслиҳатҳо диҳанд. Ҷавонон ҳам бояд зимни интихоб ба маслиҳатҳои волидон сидқан ва самимона гӯш диҳанд, вале қарори ниҳоиро бояд худи онҳо диҳанд. Зеро касберо, ки интихоб мекунанд, барои ояндаи худи онҳо ва барои пешбурди зиндагии эшон лозим аст.

Ҳангоми қабул кардани чунин як қарори ҳаётан муҳим беҳтар аст, ки ба касбу пешаҳои дар ҷамъияти мо маълуму маъруф бо диққат ва нигоҳи таҳлилӣ назар афканем. Аз гирифтор шудан ба сеҳри ихтисосҳои дар ҷомеа маъруф худро ҳифз карда, қобилияти иҷрои кадоме аз онҳоро дошта бошем, кадоме аз онҳо ба доираи алоқамандӣ ва орзуҳои мо медарояд, ҳамонро интихоб кунем.

Инчунин, ҳангоми интихоби касб зарур аст, ки аз вазъияти дунё ҳам огоҳ бошем. Ба он маъно, ки агар то солҳои наздик майлу таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои саноатӣ бештар буд, алҳол гаравиш ва таваҷҷуҳ ба ихтисосҳои технологӣ ва нанотехнологӣ бештар шудааст. Агар аз доираи ин ихтисосҳо касберо интихоб карданӣ шавад, ҳар як ҷавон бояд, ки ба худ ин саволро ҳам диҳад: “Оё касби интихобкардаам коромад аст?”

Суоли дигаре, ки пурсиданаш ҳангоми интихоби касб лозим аст, ин аст, ки “Оё дар касби интихобкардаам ҳам хушбахту ҳам муваффақ шуда метавонам?” Вале инро бояд таъкид дошт, ки хушбахтӣ аз касб баъзан ба вазъу имконот ва шароити мавҷуда дар ҷомеа ва давлат вобаста аст. Агар иқтидори давлат ва вазъи иқтисодии он муътадил бошад, дараҷаи таъмини хушбахтӣ дар касб ҳам ба он вобаста мешавад. Яъне, агар вазъи иқтисодӣ хуб аст ва коргар маоши кироӣ ва басанда мегирад, хушбахт гаштанаш аз касби интихобкардааш кафолат дорад. Вале агар вазъи иқтисодии ҷомеа бад бошад, аз ҳолати мавҷуда бештареро наметавон интизор шуд.

Ба ҳар ҳол ҷавонон бояд дар интихоб маслиҳату андешаҳои волидон, наздикон ва калонсолонро пурсанд, назарҳоро таҳлил намуда, сипас қарори охиринро худашон диҳанд. Яъне, дар интихоби касб мустақил бошанд.

– Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


Роҳбалади нафарони қавиирода

Шахси муваффақ соҳиби одатҳои муваффақ аст!

Занҷирро машикан!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s