Тарбияи писарбачаро саҳл нагиред!

Эҳтимол, аксари волидайн бар он ақидаанд, ки писарбачаҳоро назар ба духтарон нисбатан сахтгирона тарбия кардан лозим аст. Вале тадқиқоти охирин муайян кардаанд, ки дар соли аввал ба писарбачаҳо нисбат ба духтарон навозишкоронатар ва ҳассостар муносибат кардан даркор аст.

Нейроравоншинос (нейропсихоаналитик) Аллан Шор феҳристи тадқиқоти ҳамкасбони худро ҷамъ овард, ки хулосаи он чунин аст:

Суръати инкишофи нимкураи майнаи сари писарбачаҳо нисбат ба нимкураи майнаи сари духтарбачаҳо  оҳистатар аст.

Аз ин лиҳоз писарҳо ба ҳаргуна садоҳо ва одамони атроф камтар таъсирпазир буда, оташин ва инҷиқанд. Онҳо стрессро душвортар таҳаммул мекунанд ва ба гирифтори парешонхотирии асабию равонӣ (алоими норасогии диққат, аутизм) ки дар синни наврасӣ ба назар мерасанд, таъсирпазиртаранд.

Норасогии муошират бо модар ба зиёдшавии ҳаяҷоннокии ҳаракатӣ оварда мерасонад ва дар раванди ташаккулёбии алоқаи байни ҳуҷайраҳои майнаи сар, ки барои худидоракунӣ ва иҷтимоишавӣ ҷавобгӯанд, акс меёбад.

Робитаи мустаҳкаму нозук бо модар ба писарҳо ҳаётан муҳим мебошад. Ин дар навбати худ дар соли аввали ҳаёт ба раванди инкишофи нимкураи рости майнаи сари норасидаи писарон ҷиддан таъсири калон дорад.

Тавсияи Аллан Шор ба волидайни писарбачаҳо

Навзодро ҳамоно баъд ба дунё омадан аз модар ҷудо накунед. Ҷудо кардани навзод дарҳол пас аз таваллуд ин як стрессе ба ҳамаи кӯдакон мебошад, бахусус ба писарбачаҳо зарари он зиёд аст. Чунки дар организми кӯдак ба пасту баландшавии ҳормони картизол оварда мерасонад. Ҳар боре ки миқдори картизол дар хун муддати тӯлонӣ баланд меистад, ба инкишофи майнаи сар ва саломатии навзод таъсири манфӣ мерасонад;

Модар рухсати меҳнатиро пурра бо навзод гузаронад. Ҳадди ақал дар соли аввали ҳаёти писарбача чунин тасмим муҳим аст. Чунки дар ин давра кӯдакон бештар нозук ва осебпазиранд;

Дар тарбияи писарбачаҳо дурушт набошед, бахусус лар соли аввали ҳаёташон. Онҳоро аз стресс ҳифз намоед ва дар ифодаи ҳиссиёти манфии худ ботаҳаммул бошед. Ба онҳо гиря карданро манъ накунед ва барои ин амалашон онҳоро хиҷил накунед ва онҳоро дар ин ҳангом танҳо нагузоред. Бештар онҳоро ба оғӯш гирифта бӯсед;

Ба инкишофи писарони хурдакак баъзе аз моддаҳои муҳит ба мисли фенол таъсир манфӣ расонида метавонад. Ин моддаi кимиёвӣ инкишофи нимкурраи рости майнаи сари кӯдакро боз медорад. Бахсус маводи хӯрока ва машруботе, ки дар таркибаш ин моддаро пайдо кардан мумкин аст, аз кӯдак дур созед.

– таҳияи Рабиева Ганҷина


Бозӣ заковати кӯдакро инкишоф медиҳад

Омӯзиши одоби тағзияи солим ба кӯдак

Баъд аз 3-солагӣ аллакай дер мешавад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s