Бо фарҷоми ин мавсим бозори гузариши футболбозон аз нав гарм шудан дорад. Дастаҳои футболи Аврупо ҷиҳати харидории футболбозони беҳтарин барои мавсими баъдӣ даҳони ҳамёнҳои худро боз карда, бо ҳам рақобат хоҳанд кард. Вазъият ҳамасола чунин аст.
Дастаҳо миллионҳо доллар сарф карда умед мекунанд, ки футболбозони харидаашон дастаро ба сатҳи болотар мебаранд, вале на ҳама вақт кор чунин ранг мегирад. Акнун ба як соли пеш назар меафканем. Соли гузашта низ тимҳои аврупоӣ барои пурқувват кардани дастаҳои хеш сармояи ҳангуфт сарф карданд. Футболбзони бомаҳоратро бо арзиши гарон харидорӣ намуданд, вале на ҳамаи онҳо алорағми ин сармоягузориҳо, ҳунари волои худро дар дастаҳои нав нишон дода тавонистанд. Рӯйхати ин футболбозони нокомро ба хотир меорем:
Миши Батшуайи – “Челси”
Батшуайи мавсими 2015‐16 дар ҳайати тими “Марсел” (Фаронса) бозии олиҷаноб нишон дода, мавсимро бо 17 гол ба дарвозаи рақибон хотима бахшида буд. Тимҳои абарқудрати аврупоӣ барои ӯ мубориза бурданд. Батшуайии бо арзиши 40 миллион евро ба дастаи “Челси” гузашт. Сармураббии нави даста Антонио Конте ба ҳамлагари ҷавон умеди зиёд баста буд. Вале ӯ интизориҳои сармураббиро бар бод дода, натавонист ҳатто ба ҳайати асосӣ роҳ ёбад. Мавсими гузашта танҳо дар даври аввал дар ҳайати 11‐нафараи асосӣ ба майдон баромад. Имконияти худро дар дастаи асосӣ тамоман аз даста дод ва ба ҳайати тими то 23‐солаи “Челси” ҷалб гардид. Ҳамчун гузариши нокоми мавсим дар таърихи тими британӣ ном гузошт.
Клаудио Браво – “Манчестер Сити”
Дарвозабон мавсими гузашта дар 32 бозӣ дарвозаи тими “Барселона”‐ро ҳифз карда буд. Дар мусобиқоти “Ҷоми Амрико” ҳунари хуб нишон дод. Саҳми Браво дар муваффақияти мунтахаби Чили назаррас аст. Клуби “Манчестер Сити” барои ӯ ба “Барселона” 22 млн евро пардохт намуд, ки барои як дарвозабон ин маблағи хелел калон аст. Аммо ҳунаре, ки дар Манчестер нишон дод, ба он ки дар ҳайти мунтахаби миллӣ ва “Барселона” пешкаш мекард, ҳеҷ монанд набуд. Дар охири мавсим ҳатто пироҳани дарвозабониро ба Вилли Кабайеро, дарвозабони эҳтиётии даста, таслим намуд.
Хесе Родригес – “ПСЖ”
Хесе дастпарвари мактаби “Реал” Мадрид аст. Ҳамроҳи футболбозони номӣ чун Роналду, Бензема, Иско, Бейл ба ӯ имконияти бозӣ кардан насиб нашуд. Роҳбарони “ПСЖ” ҳунари хуби Хесеро ба назар гирифта, бо пардохти 25 млн евро ҳамалагари ҷавонро ба дастаи худ ҳамроҳ намуданд. Лекин кори Хесе дар Париж омад накард. Танҳо дар як бозии қисмати аввали мусобиқот ба ҳайати асосӣ роҳ ёфта тавонист ва дар равзанаи гузариши зимистона ба дастаи “Лас Палмас” ба иҷора дода шуд.
Сармояи Халиҷи араб дар Аврупо гол мезанад