Бо фаро расидани моҳи шарифи рамазон, хурмо (хурмои арабӣ) дар хони ифтории ҳар яки мо ҷойи худро мегирад. Ин мева, ки одатан ҳангоми рӯзадорӣ бештар истеъмол мешавад, аз маводҳои барои организми инсон муфид бой аст. Агар хурмо на танҳо дар рамазон, балки дар давоми сол ҳам истеъмол карда шавад, аз бемориҳои дил ва саратон эмин медорад.
Хурмо дар таркибаш дар баробари доштани минералҳо ва нах инчунин аз калий, магний, фосфат, оҳан ва натрий бой аст. Ҳарчанд дар таркибаш миқдори зиёди шакар дида шавад ҳам, он хосияти фарбеҳ карданро надорад. Баръакс, ҳазми организмро беҳтар намуда, қабзият ва дарунравиро пешгирӣ менамояд.
Диетологҳо қайд мекунанд, ки истеъмоли ҳамарӯзаи хурмо стресс ва хастагии инсонро бартараф мекунад. Дигар фоидаҳои хурмо чунинанд:
– хурмо ягона мевае мебошад, ки дар таркибаш ҳамзамон равған, сафеда ва углевод дорад;
– пӯсти баданро тароват бахшида, доғҳои аз нури офтоб ва аз ҳомиладорӣ ба вуҷуд омадаро нест мекунад;
– ба воситаи миқдори оҳани дар таркибаш буда, камхунии организмро бартараф месозад;
– дорои витаминҳои B1 ва B2 аст, ки онҳо дар якҷоягӣ ҷигари инсонро бақувват мекунанд;
– шифои дарди гулӯ ва сулфа аст;
– миқдори зиёди фосфор ва калсий, ки дар таркиби хурмо мавҷуданд, устухонҳоро аз дардмандшавӣ нигоҳ медоранд;
– дар сурати рӯзакушоӣ бо хурмо, миқдори шакари дар он буда, аз таъсири гуруснагӣ ба миён омадани беҳолиро бартараф мекунад.
Саломат бошед!
– таҳияи Махсумова Манижа