Винсент Янсен – “Тоттенхэм”
Мавсими гузашта ҳамлгари ҷавон дар ҳайата “АЗ Алкмаар”-и Ҳолланд бозӣ мекард ва бо 28 гол беҳтарин голзани чемпионати ин кишвар шинохта шуд. Футболбоз ба ивази 20 млн евро ба тими лондонии “Тоттенхэм” гузариш кард. Лондониҳо мехостанд хатти ҳамлаи бе ин ҳам қавии худро пурқувваттар кунанд, лекин Янсен дар баробари ба дастаи нав омадан, гуё голзаниро фаромӯш карда бошад. Дар 38 даври мусобиқоти “Премйер Лига” танҳо дар 7 бозӣ дар ҳайати асосӣ ба майдон баромад ва танҳо 2 гол ба дарвозаи рақиб зада тавонист.
Лукас Перес – “Арсенал”
Арсен Венгер дар оғози мавсим бо умеду интизориҳои зиёд Пересро ба дастаи худ даъват намуда буд. Дар дастаи “Депортиво” Ла Коруня мавсими 2015‐2016 ҳамлагар 17 гол зад ва бар ивази 20 млн евро ба тими лондонӣ гузашт. Дар дастаи нав гол задан як сӯ истад, ба ҳайати асосӣ роҳ ёфта натавонист. Дар як мавсими бузург танҳо 274 дақиқа дар майдон ҳузур дошт ва фақат 1 гол зада тавонист.
Ислом Слиманӣ – “Лестер Сити”
Клуби “Лестер” мавсими гузашта дар таърихи 132‐солааш бори аввал қаҳрамони Премйер Лигаи Англия гардида буд. Акнун аз оғози мавсими ҷадид дар Лигаи чемпионҳо бозӣ мекард. Аз ин лиҳоз барои пурқувват кардани ҳайати худ якчанд футболбозро “таги чашм” карда буд. Ислом Слиманӣ дар садри ин рӯйхат қарор дошт. “Лестер” футболбози мунтахаби Алҷазоирро аз дастаи “Спортинг”‐и Лиссабон ба қиммати 30 млн евро харидорӣ намуд. Слиманӣ мавсими 2015‐2016 дар ҳайтаи тими португалӣ ба дарвозаи рақибон 27 гол равон карда буд. Вале дар Англия бозияш омад накард. Танҳо дар 13 дидор дар ҳайати асосӣ ба майдон баромад ва 7 гол зада тавонист.
Ситораҳои тобони “Реал” Мадрид