4 хосияти хатарноки истеъмоли шакар

Ҳама истеъмоли шириниҳои гуногунро дӯст медоранд. Вале зарари аз ҳад зиёди истеъмоли онро намедонанд. Дар ин матлаб 4 хосияти зарарноки шакар ё қанд зикр мегардад:

1. Шакар пиршавии пӯстро метезонад

Шакар ҳангоми бо хун омехта шудан, бо сафедаҳое, ки барои мустаҳкамиву ҷавонии пӯст масъул ҳастанд, реаксияи кимиёвӣ медиҳад. Чунин аксуламал сафедаҳоро нобуд карда, пӯстро хушк сохта ожангнок мекунад. Инчунин моддаҳои заранокро истеҳсол карда, пӯстро нисбат ба офтоб ҳассос мегардонад. Нурҳои офтоб бошанд, яке аз омилҳои асосии пиршавии пӯст мебошанд.

2. Шакар боиси варами пӯст мегардад

Шакар натанҳо боиси пайдо шудани ожанг дар сатҳи болоии пӯсти бадан, балки гармичаҳоро низ зиёд мекунад. Инчунин ба афзоиши бемории ба монанди артрит мусоидат менамояд. Аксарият барои табобати зуком чой ва мураббои малина истеъмол мекунанд. Пӯшида нест, ки дар таркиби мураббои тайёркардашуда миқдори шакар аз ҳад зиёд аст. Шакари он барои бактерияҳо озуқа маҳусб меёбад. Пас табобат бо мураббо баръакс метавонад дарди гулӯро зиёдтар кунад.

3. Шакар ба бемориҳои қалб оварда мерасонад

Пештар барои табобати бемориҳои дил аз ғизоҳои равғанӣ дурӣ ҷуста, вале шакарро зиёд истеъмол мекарданд. Ҳоло тибби муосир исбот кардааст, ки шакар барои саломатии инсон, бахусус барои дил хатари зиёд дорад. Тадқиқот нишон додаанд, ки шакар сатҳи холестиринро баланд мекунад. Илова бар ин, холестирин дар рагҳои хунгарди аз шакар зарардида осонтар ҷойгир мешавад.

4. Шакар ба девонагӣ оварда мерасонад

Тадқиқот нишон додаанд, ки шакар дипрессияро ривоҷ медиҳад. Сабаб дар он аст, ки шакар сатҳи ҳормони BDNF-ро паст мекунад. Дар ҳоле ки сатҳи ҳормони BDNF бе ин ҳам дар шахсони мубталои дипрессия ва маҷзубият паст аст. Ҳамчунин тадқиқоти дигар нишон додаанд, ки аз ҳад зиёд истеъмол намудани шакар, ҳисси изтиробро дар инсон афзоиш медиҳад. Аҷибаш ин аст ки, аксарият барои ором кардани асаб аз ширинӣ зиёд истеъмол менамоянд. Ҳол он ки чунин одат баръакс барои афзоиш ёфтани ҳолати изтироб мусоидат мекунад.

Бинобар озмоишҳои лабораторие, ки дар мушҳо гузаронида шуд, маълум гашт, истеъмоли зиёди шакар метавонад инсонро ҳам камақл кунад. Олимон сабаби инро дар вайроншавии робитаи ҳуҷайраҳое донистанд, ки дар мағзи сар аз хотира ва малакаҳои омӯзишии кас масуъл мебошанд.

–таҳияи Саид Муъмин


Беморони қанд рӯза медоранд ё не?

Истеъмоли аз ҳад зиёди шакар зарар аст!

Истеъмоли аз меъёр зиёди қанду ширинӣ зарар дорад!

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s