Шарм дор ва носипос нашав! (2)

Боре як ҷавон ба назди Иброҳими Адҳам омада пурсид:
– Маро нафсам ба содир кардани гуноҳ маҷбур мекунад. Намедонам бо нафси хеш чӣ гуна муқовимат кунам. Чӣ маслиҳатам медиҳед?

Иброҳими Адҳам бо услуби хосе масъаларо фаҳмонд:
– Аввал нафсатро аз шартҳои гуноҳ огоҳ намо. Агар шартҳоро ба ҷо овард, пас бигӯ, ки метавонад гуноҳ содир кунад.

Ҷавон ба ҳаяҷон омада пурсид:
– Магар гуноҳ низ шарт дорад?  Бигӯ, то ба нафсам фармоям, ба ҷо биёрад!

Гуфт:
– Шарти якум. Ҳамин ки ба сарат андешаи гуноҳ кардан пайдо шуд, ба ҷое бирав, ки берун аз мулки он Зоте бошад, ки ту нисбаташ гуноҳ содир мекунӣ.

Пурсид:
– Оё ин тавр мешавад? Охир ҳама ҷо мулки Ӯст. Ин хел ҷое нест, ки мулки Ӯ ҳисоб нашавад ва ман рафта гуноҳ карда биёям!

Гуфт:
– Ин тавр бошад, айб нест, ки ҳам дар мулкаш нишастаиву ҳам ба муқобилаш мебароӣ. Оё чунин носипосӣ ба ту барин як ҷавонмард мезебад?

Ҷавон хоҳиши шунидани шарти дуюмро намуд. Иброҳими Адҳам афзуд:
– Аввал тасмим бигир, ризқи ба ту додаи он Зотеро, ки нисбаташ исён карданӣ ҳастӣ, намехӯрӣ!

Ҷавон каме ба фикр рафта, пасон гуфт:
– Ин ҳам номумкин аст. Ман бе хӯрдани ризқи додаи Худованд зиста наметавонам.

Гуфт:
– Пас шарм намедорӣ, ки ҳам дар мулкаш менишинӣ, ҳам аз ризқи додааш мехӯрӣ ва боз муқобилаш баромада, гуноҳ кардан мехоҳӣ? Оё виҷдони ҷавонмарде боҳуш ва боинсоф ба ин иҷозат медиҳад?

Гуфт:
– Не, албатта! Шарти сеюмро ҳам шунавам!

Афзуд:
– Ҳамин ки дар дилат ҳаваси гуноҳ кардан пайдо шуд, ба як ҷое бирав, ки Худованд туро набинад ва гуноҳ кардан гир.

Гуфт:
– Мисли ду шарти аввал ин ҳам номумкин аст. Оё ягон ҷое ҳаст, ки берун аз назорати Ӯ бошад, то ман рафта гуноҳ карда биёям? Нест чунин ҷой!

Иброҳими Адҳам илова кард:
– Пас, гӯш дор, эй фарзанди арҷманд! Чӣ гуна мешавад, ки ҳам дар мулкаш менишинӣ, ҳам аз ризқи додааш мехӯрӣ, ҳам ҷое намеёбӣ, ки берун аз назари Худо бошад ва боз гуноҳ кардан мехоҳӣ? Оё ба як ҷавони боинсофу муъмин чунин исёну нофармонӣ зебанда аст?

Ҷавон баъд аз панди Ироҳими Адҳам ду даст боло бардошта фарёд мезанад:
– Таслим шудам, эй Иброҳим, таслим! Акнун ҳар гоҳ ки нафсам маро ба иҷрои гуноҳе водошт, аввал ба вай мегӯям, ки “эй нафси носипос, шарм дор, ки дар мулкаш менишинӣ, аз ризқи додааш мехӯрӣ, ҷое берун аз назораи Ӯ намеёбӣ ва боз байрақи исён боло бардошта, гуноҳ кардан мехоҳӣ!”

P.S: Мо низ дар мулкаш мешинем, аз ризқи додааш мехӯрем ва маконе берун аз назораташ намедонем? Пас, бояд мисли он ҷавон ба муқобили нафси хеш бароем, ки моро ҳар лаҳза ба иҷрои гуноҳе тела медиҳад. Мо низ бояд бигӯем: “Шарм дор, эй нафс, носипос нашав!”

– таҳияи Башир Усмон, ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон”


 Фарёди булбул

Кори имрӯзро ба фардо магузор!

Итоаткорӣ

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s