Нокомҳои гаронарзиши мавсим (3)

Андре Гомес – “Барселона”

gomesМунтахаби Португалия соли 2016 бори аввал қаҳрамони Авурпо шуд. Саҳми Гомес, ки дар маркази майдон бозӣ мекард, дар ин музаффарият хеле назаррас буд. Хави аз “Барселона” рафт, Инйеста бошад фаъолияти футболияш ба охир расида истодааст. Роҳбарияти дастаи каталонӣ хост ба маркази майдон қувва ва нафаси тоза бахшад. Ба ин мақсад тобистони соли 2016 Андре Гомесро аз дастаи “Валенсия” бо пардохти 35 млн евро ба Каталония оварданд. Аммо футболбоз он ҳунару маҳорате, ки аз ӯ интизор буданд, намоиш дода натавонист. Дар 17 бозӣ дар ҳайати асосӣ ба майдон баромад, лекин ситорааш надурахшид.

Ренату Саншеш – “Бавария”

renatoСаншеш ҳамчун яке аз футболбозони ҷавони бомаҳорату ояндадор ном баровард. Дастаҳои беҳтарини аврупоӣ ӯро дар ҳайати худ дидан мехостанд. Баъд аз фарҷоми мавсими 2015‐2016 Саншеш пироҳани “Бенфика”‐ро бо “Бавария” иваз намуд. Олмониҳо барои ситораи ҷавону умедбахш 35 млн веро ба хазинаи португалиҳо рехтанд. Дар чемпионати Аврупо‐2016 дар ҳайати мунтахаби Португалия, ғолиби мусобиқот, бозии хуб нишон дода, дуруст будани интихоби “Бавария”‐ро бори дигар исбот кард. Унвони беҳтарини футболбози ҷавони соли 2016 дар Аврупоро (“Golden Boy”) ба даст овард. Вале бо оғози мавсим ҷиҳати дарёфти ҷойи доимӣ дар ҳайати асосӣ мушкилӣ кашид. Танҳо дар 6 бозӣ дар ҳайати 11‐нафараи асосии “Бавария” вориди майдон шуд ва мавсимро бо 1 гол хотима бахшид.

Аз фарҷоми мавсим ва оғози равзанаи гузаришҳои тобистона вақти зиёде нагузаштааст, аммо клубҳои футбол аллакай ба хариду фурӯши футболбозон шуруъ намудаанд. Роҳбарони дастаҳо боз миллонҳо дода футболбозони ботаҷрибаву бомаҳротаро харидорӣ мекунанд. То имрӯз дар бозори гузаришҳо клубҳои “Милан”, “Бавария” ва “Манчестер Юнайтед” аз ҳама фаъолтаранд. “Бавария” барои нимҳимоягари 22‐солаи “Лион” Корантен Толиссо 40 млн евро пардохт намуд. Толиссо мавсими сипаришуда дар тамоми мусобиқот 47 бозӣ гузаронида 14 гол задааст. “Манчестер Юнайтед” ҳимоягари ҷавон Виктор Линделефро аз дастаи “Бенфика” бо арзиши 34 млн евро харидори намуд. Тими овозадори “Милан”, ки тӯли чанд соли охир аз мусобиқоти бонуфизи аврупоӣ дур буд, акнун бармегардад. “Рассонери” ситораи ҷавони футболи Португалия ва тими “Порту” Андре Силваро бо пардохти 38 млн евро ба ҳайати худ ҳамроҳ намуд.

Доду гирифти дастаҳо идома дорад, шояд ин тобистон мо шоҳиди бисёр гузаришҳои ҳангомабарангез ҳам мегардем. Вале суоли матраҳ ин аст, ки оё футболбозони гаронарзиш метавонанд интизориҳои роҳбарони худро бароварда кунанд ва ё мисли ҳамтоёни зикргаридаи худ ноком мешванд?

– таҳияи Достиев Неъмат


5 амали мамнуъ баъд аз хӯрдани хӯрок

Нӯшокиҳои энергетикӣ нерӯи дилро мегиранд

Варзиш инсонро оқилтар мекунад

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s