Бобои боғбон – бобои ман

Рӯзе ҳамроҳи хоҳарам ба боғи ҳамсоя мевахӯрӣ рафтем. Ба гирду атроф нигоҳ кардем, то боғбон моро набинад. Ҳар ду пинҳонӣ ба боғ даромада дидем, ки ин ҷо меваҳо пухта расидаанд. Гӯё “Моро тезтар бихӯред!” мегуфта бошанд. Аз дидани меваҳо иштиҳои мо дучанд гардиду, зиёфат оғоз шуд. Хоҳарам ба дарахти гелос баромаду ман ба дарахти  олуча.

Ҳар ду ба атроф нигоҳ ҳам накарда мева мехӯрдем, ки ин дам боғбон моро дида, додзанон ба сӯямон меомад.  Хоҳарам зуд аз дарахт фуромаду гурезон шуд. Ман, ки болотар баромада будам, аз дарахт бо душворӣ фуромада давидам. Азбаски он рӯз пойафзоли калонро, ки аз они модарам буд пӯшидам, батезӣ давида натавонистам ва боғбон маро дошт. Аз тарс надонистам чӣ кор кунам. Боғбон бошад маро чунон ҷанг кард, ки аз тарс гиряро сар кардам. Ҳолати маро дида боғбонро раҳмаш омад ва инак барои ором шудани ман каме нармтар сухан мегуфт:

– Ором шав, ба ту зарар намерасонам, гиря накун!

  Аз ин суханҳои ӯ ман каме ором шудам. Боғбон бошад ба ман гуфт:

– Духтарам, ин кори ту хуб нест. Духтарони боодоб чизеро аз соҳибаш напурсида намегиранд. Ҳар он чӣ, ки мехоҳӣ, аввал аз соҳибаш пурс. Агар пурсидӣ, бароят медиҳанд. Ту низ пеш аз боғ даромадан бояд аз ман мепурсидӣ, ман худам бароят аз боғ мева медодам.

Аз  суханони боғбон шарм кардаму аз ӯ бахшиш пурсидам. Вай бошад бароям як табақ мева доду гуфт, ки фардо биёям боз мева медиҳад. Лекин огоҳ кард, ки ба бог каси дигар напурсида даромаданам, такрор нашавад. Ман бошам ваъда додам, ки дигар такрор намекунам.

Вақте ба хона омадам модарам аз ин воқеа хабардор шуда, ману хоҳарамро сарзаниш намуда, аз нони гарми пухтааш дуто дода гуфт:

– Ин нонҳоро ба боғбон баред ва кори кардаатон узр пурсед!

Ҳамроҳи хоҳарам нонро ба боғбон додему узр пурсидем.

    Аз он рӯз мо бо бобои боғбон дӯст шудем. Ӯ моро ҳамчун набераҳояш дӯст дошту мо ӯро чун бобои худ. Акнун мо зуд-зуд барои мевахӯрӣ ба боғаш мерафтему, вай барои мо меваҳои ширину гуногун медод. Дар вақтҳои холӣ аз кори боғ бо мо дарс мекард, хикояҳои рангину пандомез нақл менамуд. То даме ки мо ба дигар маҳал кӯчидем, боғбон ҳамеша меҳмони маҳбубу доимии хонадони мо буд.

Ҳамин тавр бобои боғбон бобои ман шуд.

– Ҷураева Парвина


Рӯбоҳ ва хирс

Мард ва деви обӣ

Қадри шаб

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s