Нақши бозӣ дар инкишофи равониву ҷисмонии кӯдак

Барои кӯдак мушоҳида намудани акси худ ва акси волидайн дар оина завқовар аст. Ин ҳолат барояш мисли бозӣ мешавад. Волидайн бояд ҳангоми бозӣ ва шинохти ашё барои инкишофи ҳиссҳои панҷгонаи кӯдак мусоидат намоянд. Бигзор кӯдак ба ҳар чизе, ки барояш хатаре ташкил намедиҳад, ламс кунад, бӯяшро гираду садояшро шунавад. Ҳамин тавр ӯ олами вуҷудро аз наздик шинохта, доир ба кайфияти он маълумоти бештар пайдо мекунад. Дар баробари ин баъд аз шиносшавӣ бо ашёе волидайн ҳатман аз кӯдак суол кунанд, ки ин чӣ асту доир ба шаклу кайфияти он чӣ назар дорад.

Навзод аз рӯзҳои аввали ҳаёташ барои шинохти муҳит тариқи ламс кардан маззаи онро чашидан ҳар чизе таги дасташ ояд, бо завқ меомӯзад. Аз ин рӯ ба дасташ зарфу бозичаҳои пластикӣ, чӯбину матоъӣ ва ғайра ашёи барои саломатияш безарарро диҳед. Бигзор моторикаи ҷисмонии кӯдак тариқи ламсу чашидан инкишоф ёбад. Дар баробари ин мушакҳои дасту панҷааш низ ба кор даромада, ҳар чӣ тезтару беҳтар онҳоро идора карданор меомӯзад. Ҳамчунин ҳангоми сӯҳбат бо ӯ бо садои нарму латиф хитоб карда, ҳамроҳаш боэътино бозӣ кунед.

Солҳои баъдӣ бошад ҳатман ҳамроҳи кӯдак китоб-афсонаҳои суратдорро варақ гардонида, барояш муҳтавои онҳо бо ишораи суратҳои дахлдор бихонед. Ва ҷое, ки лозим аст, бо ҳаракатҳои дасту пойи кӯдак шаклу ҳаракатҳои гуногунро тақлид намоед. Лозим бошад аз панҷаҳои нозукаш дошта, ҳамроҳаш қарсак занед. Ҳамин тавр муҳити пурнишот ва хурсандона ба миён оварда мешавад, ки чунин ҳолат барои рушди равонии кӯдак таъсири мусбат мерасонад.

Ногуфта намонад, ки нақши бозӣ ва бозича дар инкишофи эҳсосот, заковат, тахайюл, ҷисму мушакҳо, омӯзиши робитаҳои иҷтимоӣ ва пайдо кардани малакаҳои гуногун муҳим буда, аз он дида роҳи беҳтару муассиртаре барои рушди солими кӯдак мавҷуд нест. Аз ин рӯ ҳар чӣ бештар кӯдакро барои бозӣ кардан бо бозичаҳояш ва бахусус ҳамроҳи бародарону рафиқонаш ташвиқ намоед. Бозиҳои компютериву мобилӣ ва соатҳои тӯлонӣ дар рӯ ба рӯи телевизор нишастан  кӯдакро ғайрифаъол карда, гузашта аз ин метавонад барои инкишофи солими мушакҳову устухонҳояш монеа эҷод кунад.

Волидайни оқилу ориф худ нағз дарк мекунанд, ки бозиҳои гуногун ва ранга барои фарзандон имкони инкишоф додани малакаи таҳқиқу тадқиқ карда тавонистанро медиҳад. Бахусус бозиҳое, ки бинобар афсонаҳои ҳамроҳ хондааш ва баъдан кӯдак дар нақши қаҳрамон даромада, онро бозӣ мекунад, ӯро нисбат ба кӯдакони аксари вақташонро дар олами рақамӣ мегузаронида закитару ҳушёртар месозад. Бозӣ худ манбаи қувват аст. Зеро кӯдак дар он олами хаёлияшро ҳақиқӣ гардонида метавонад.


Тарбияи писарбачаро саҳл нагиред!

Бозӣ заковати кӯдакро инкишоф медиҳад

Тарбияи фарзанд ва мавзӯи маҳрамият

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s