Гули ҳасрат

Толори додгоҳ пур аз одам буд. Аз ҳама зиёд хабарнигорон ба назар мерасиданд. Кӣ медонист, ки фардо дар саҳифаи аввали рӯзномаҳояшон чӣ гузориш ё сармақолае нашр хоҳанд кард. Охир, ин бори аввал буд, ки ҷуфте дар 70−солагӣ аз ҳам ҷудо шаванд.

Толори пурмағалро садои тақ−тақи судя оромӣ бахшид.
− Марҳамат, холаҷон, гап занед, − ба пиразан рӯ оварда гуфт судя.

Пиразан нафаси чуқур кашида, нӯги докаи сафеди сарашро, ки даҳонашро пушида буд, озод карда, ба гуфтор лаб кушод:
− Ин мардак 50 сол боз аз ҷон серам кард.

Пиразан, ки бо ғазаб ба ҳамсараш менигарист, нигоҳи тезашро аз рӯйи мӯйсафед барчида, ба судя нигарист:
– Ба ҷонам зад!

Аз ғояти ҳаяҷону ғазаб даҳонаш хушк шуда буд. Хост оби даҳонашро фурӯ барад, аммо натавонист. Дигарбора ба ҳамсараш ишора карда, илова намуд:
– Ин ношуд 50 соли умрамро заҳр гардонд,− чида−чида ҳарф мезад пиразан.

Дар толор хомӯшӣ ҳукмрон буд. Агар пашша пар занад, шунида мешуд. Ин хомӯшии бардавомро аз ҷой бархостани яке аз хабарнигорон шикаст. Аз пушти ӯ мухбири суратгири дигар якбора дастгоҳи аккосиашро фаъол карда, чанд акс гирифт. Агар аз дасташон меомад, аз даҳони кампир ҳарфҳоро бо анбур кашида мебароварданд. Барои онҳо ин даъвои судӣ хабари хеле аҷиб буд.

Пиразан суханонашро давом дод:
– Мо як гул доштем. Онро “гули ҳасрат” меномидем. Ба мо насиб нашуд, ки фарзанд ёбем. Аз ин рӯ, он гулро, ки бо дастони худ парварда будам, чун фарзанд дӯст доштам. Ӯ инро дар ёд надорад, − ба шавҳараш ишора карда афзуд зан.

– Ман он гулро аз тухмиҳои ба ман додааш парвариш кардам. Ин расо 50 сол пеш буд. Замоне гул пажмурда шудан гирифт. Ҳар шаб аз хоб бедор шуда, обаш медодам. Зеро гуфта буданд, ки ин кор метавонад гулро аз хушкшавӣ нигоҳ дорад. Ин кор 50 сол давом кард. Чунки ман қавл дода будам.

– Вале шавҳарам тӯли ин муддат ҳатто як шаб ҳам ба гул об надод. Бале, писарам судя, бо ана ҳамин хел як нафар 50 соли умрамро сипарӣ кардам. Ман ба ӯ тамоми умеду орзуямро бахшидам, аммо аз ӯ як хайре ҳам надидам. Як бор ҳам ақаллан ба ҷои ман корамро иҷро накард. Барои ҳамин, ман фикр дорам, ки боқимондаи умрам бе ӯ хуб хоҳад гузашт. Бинобар ин, талаб дорам, ки моро расман ҷудо кунед.

Судя ба пирамард, ки паҳлӯи ҳамсараш менишаст, рӯ оварда гуфт:
– Шумо ягон гуфтанӣ доред, амак?

Пирамард то ин дам боре ҳам ба минбар набаромада буд. Шарм медошт. Аз ин рӯ бо такяи асо оҳиста аз ҷой бархост:
– Хизмати аскариамро дар кӯшки президент гузарондам, −сухан сар кард ӯ.

– Боғбон будам, боғи калони кӯшкро нигоҳубин мекардам. Боғ гулҳои рангоранги зиёд дошт. Ман ҳамсарам Фариштаро он ҷо шинохтам. “Гули ҳасрат”-ро низ. Ҳар бор аз гулҳои мухталиф дастагул ё сабад омода мекардам ва ба фариштаи орзуҳоям тақдим менамудам. Солҳои аввали оиладориамон буд. Ҳамсарам ба дарди миён гирифтор шуд. Табиб гуфт, ки дуру дароз хоб карданаш зарар дорад. Бояд шабҳо аз хоб бархоста, каме ҳаракат кунад. Азбаски Фариштаи ман хобро сахт дӯст медошт, ба гуфтаи табиб аҳамият надод. Сахтгириҳои ман низ беасар буданд.

Дар чеҳраи мӯйсафед осори табассум падид омад. Ин табассуми шахси закиву донишманде буд. Ӯ нақлашро идома дод:
– Тавофуқан, ҳамон шабу рӯз “гули ҳасрат” пажмурда шудан гирифт. Ба ҳамсарам гуфтам, агар шабҳо обаш диҳӣ, аз хушкшавӣ эмин мемонад. Ӯ ҳам қавл дод, ки ҳар шаб хеста, ба гул об медиҳад. Ҳар нимишабӣ ин корро мекард. Гулро бо меҳр об медоду ман ба ӯ менигаристам.

Мӯйсафед каме бозистод ва ба ҳамсараш, ки дар паҳлӯяш менишаст, нигоҳи меҳрборе афканд. Он гуна, ки шабҳо ҳангоми ба гул об монданаш менигарист:
– Ҳар шаб гӯё он гул ман будам, − бо як меҳрубонӣ идома дод мӯйсафед, ки нақлаш диққати атрофиёнро чун оҳанрабо мекашид.

– Ҳар шаб баъди он ки ҳамсарам ба гул об монда мехобид, ман аз ҷой мехестаму оби гулро холӣ мекардам. Чунки “гули ҳасрат” оби шабро намеписандад. Агар ба он шаб об монӣ, мехушкад.

Мӯйсафед вазнашро аз як пой ба пойи дигар партофта, афзуд:
– Пирӣ, писарам, пирӣ… Он шаб ба хоб мондам. Ҳамсарам гулро об монда, хуфтааст. Ман натавонистам он шаб оби гулро холӣ кунам. Аз ин рӯ писарам, гунаҳкорам…

– Башир Усмон, Дидор


“Аз хӯрдани ту ӯро ҳавас кунад, айб аст!”

Эҳтиёҷ

Аспи давон

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s