Интихоби бозичаи муносиб барои кӯдак

Барои инкишофи ҳиссҳои аввалиндараҷаи кӯдак, ба мисли биноӣ, шунавоӣ, ламс, бӯй гирифтан ва мазза чашидан волидайн бояд бозичаҳои мусноиберо интихоб намоянд. Ҳамчунин ба дасти кӯдак ашёи безарареро, ки ӯ тавонад ламс кунад, бигазад ва канда аз нав часпонда тавонад, бидиҳед. Чунин ашёро ҳатман дар ҳар хонадон бо осонӣ пайдо кардан мумкин аст. Ҳамин тавр ашёву бозичҳои муносиб барои рушду инкишофи малакаҳои донишомӯзӣ ва касби одатҳои нав ва солим мусоидат хоҳанд кард.

Бозичаи хуб сараввал бозичаи безарар аст. Чунин бозичаҳо бояд: кунҷ ва нӯгҳои тезу бурро надошта бошанд; бо рангҳои заҳрноки таҳлукаовар ранг накарда шуда бошанд; аз модда ва матоъҳои аз таркиби кимиёвии зараррасон омода нашуда бошанд; аз маводи зудшикан сохта нашуда бошанд; аз таркибҳои хурде иборат набошанд, ки кӯдак тавонад онҳоро бо осонӣ фурӯ барад. Ин навъ бозичаҳо хуб буда, волидайнро лозим меояд ҳангоми интихоби онҳо ақаллан меъёрҳои дар боло зикргардидаро риоя намоянд.

Ҳамчунин аксар волидайн барои фарзандони хурдсол бозичаҳоеро дастрас мекунанд, ки онҳо электрониянд ва ё тариқи ҷиҳозҳои элетронӣ-мобилӣ бозӣ карда мешаванд. Ин навъ бозичаҳову ҷиҳозҳои электронӣ метавонанд рушди солими кӯдакро монеа шуда, ӯро парешонхотир кунанд. Зеро кӯдак ҳангоми чунин бозиҳои диққаташро тамаркуз карда наметавонад. Ин ҳолат боиси ноқис мондани ташаккули малакаи эҷодкориву таҳқиқкунӣ мегардад. Барои ҳамин беҳтар аст барои онҳо бозичаҳое дастрас карда шаванд, ки кӯдак тавонад ламс карда, бо истифода аз завқи физикӣ бо онҳо шаклҳои гуногун созад, малакаи тахайюлро ба кор бурда, сенарияи бозиҳои навбанавро ба миён гузорад.

Ҳамчунин нақши сураткашиву расмкашӣ бо истифода аз бӯр, қалам ва фломастерҳои ранга барои инкишофи малакаи эҷодкории кӯдак бисёр муҳим аст. Ва ҳар чӣ бештар чунин афроди эҷодкор дар оилаҳо тарбия ёбанд, ҳамон андоза ҷомеа аз таассуб ва афкори ифротӣ халос меёбад. Ҳачунин бозиҳои равнақдиҳандаи мантиқу заковати кӯдак муҳиманд. Дар ин раванд калонсолон низ ҳар чӣ бештар бо кӯдак саргарми бозӣ шаванд. Дӯсту рафиқони кӯдак ҳам ба бозӣ часпида, миёни онҳо одобу адаби бо ҳам тақсим кардани бозича ва дар мувозинат бозӣ кардан шакл гирад.

Ногуфта намонад, ки бозича бояд ба синну сол ва ҷинсияти кӯдак мувофиқ бошад. Зеро рангу кайфияти бозича ба адаб ва ахлоқи ҷинсии кӯдак таъсиргузор мешавад. Аз ин рӯ волидайнро ҳангоми интихоби бозича барои фарзандон боэътино будан лозим меояд.


Нақши бозӣ дар инкишофи равониву ҷисмонии кӯдак

Бозӣ заковати кӯдакро инкишоф медиҳад

Омӯзиши одоби тағзияи солим ба кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s