Брокколи ва гулкарам барои табобати бемории қанди навъи 2 муассир буда метавонанд

Гурӯҳи муҳаққиқон аз кишварҳои Шветсия, Амрико ва Швейтсария дар натиҷаи як таҳқиқот муйян кардаанд, ки табобати ҳуҷайраҳои ҷигари муш бо моддаи сулфорафан, тавлиди глюкозаро коҳиш медиҳад. Натиҷаи омӯзиши олимон дар маҷаллаи “Science Translational Medicine” нашр гардида, дар он ҳамчунин тарзи ихроҷи ин модда аз сабзавот муаррифӣ карда шудааст.

Моддаи сулфорафан бофтаи органикии растанӣ (гиёҳӣ) аст. Доир ба моддаи глюкофарин, ки навъе аз моддаи сулфорафан асту дар таркиби сабзавот ҳамчун брокколи, гулкарам, тошкарам ва кресс‐салат фаровон мавҷуд аст, натиҷаи таҳқиқоти зиёд маълум мебошад. Ин модда дар таркиби брокколи ва гулкарам зиёд мушоҳида мешавад. Ҳангоми хоида фурӯ бурдани сабзавот, ферментҳои мирозанин глюкофаринро ба сулфорафан табдил медиҳанд. Сулфорафан агенти зиддибактериявӣ буда, дар низоми ҳифзи гиёҳӣ муқобили уфунатҳо фаъолият мекунад.

Солҳои охир бемории қанди навъи 2 фаъолона мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Зеро ин беморӣ ба эпидемия фарбеҳӣ, ки бештари кишварҳои мутараққӣ, аз ҷумла Амрикоро нигарон мекунад, рабт дорад. Тадқиқоти қаблӣ муайян кардаанд, ки дар натиҷаи ихтилоли ҳассосияти ҳуҷайра ба инсулин ва қобилияти ҷабидани глюкоза диабети навъи 2 ба миён меояд. Ҳамин тавр карбогидрати “нолозим” дар хун ҷамъ шуда, метавонад боиси ба миён омадани бемориҳои мухталиф низ шавад. 

Имрӯз табибон ҷиҳати табобати беморони қанди навъи 2 асосан аз диетотерапия ва доруи метформин истифода мебаранд. Вале баъзе аз дорувориҳои ин беморӣ таъсири иловагӣ дошта, метавонанд ба меъда ё ҷигари инсон таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ омӯзиши донишмандон ҷиҳати пайдо кардани дорувориҳои нав идома дорад. Дар натиҷаи омӯзишҳо олимон тавонистанд бофтаеро муайян кунанд, ки табобати бемории қандро бо усули муассиртар ба роҳ монда метавонад. Аз ин рӯ онҳо “имзои генетикии” иборат аз 50 генро таъсис доданд. Сипас ин маълумотро дида баромада, пайвастагиҳои кимиёвии марбут ба генҳои хосро ҷусутҷӯ намуданд. Муайян карда шуд, ки сулфорафан миёни моддаҳои мавҷудбуда муассиртарин мебошад. 

Сипас олимон ҳуҷайраҳои аз қанди навъи 2 ранҷ мебурдаи мушро парвариш карда, бо моддаи сулфорафан коркрад намуданд ва интизор доштанд, ки тавлиди глюкоза коҳиш меёбад. Баъд аз муваффақияти озмоишҳои аввалин, олимон курси 12‐ҳафтаинаи табобат бо сулфорафанро ба 97 ихтиёриёни беморони қанди навъи 2 пешниҳод намуданд. Рӯ ба беҳбудӣ овардани саломатии беморон ба туфайли ҳузури ин модда дар растаниҳои хӯрданибоби оилаи карамҳо ҳамчун брокколи имконпазир шудааст. Мушаххас шудааст, ки таъсири сулфорафан ҳангоми гушна будани меъда ба таври назаррас қанди хунро коҳиш медиҳад.

Мутахассисон қайд мекунанд, ки ин ҳоло аввали кор аст. Барои итминони комил пайдо кардан доир ба самаранокии сулфорафан ва парҳез бо истифода аз сабзавоти навъи карам, озмоишҳо омӯзиши иловагиро талаб мекунанд. Вале гуфтан мумкин аст, ки олимон аллакай усули нави табобати бемории қанди навъи 2-ро пайдо кардаанд. Илова ба ин муҳаққиқон қайд мекунанд, ки табобати бемориҳои ғайр бо моддаи сулфорафан низ имконпазир буда метавонад.

– таҳияи Достиев Неъмат


Хурморо баъд аз моҳи рамазон ҳам истеъмол кунед!

Беморони қанд рӯза медоранд ё не?

Фаъолияти самараноки организм ба маводи ғизоӣ вобаста аст

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s