Бигзор, кӯдак фаъол бошад!

Аксари кӯдакон бинобар тағзияи носолим ва камҳаракатӣ гирифтори аз ҳад зиёди фарбеҳшавӣ мегарданд. Бахусус соатҳои тӯлонии дар назди телевизор ва монитори компютер мегузаронида рушди солими онҳоро халал дода, саломатияшонро зиён мерасонад.

Роҳи халосии муассир ва безарар аз ин навъ падидаи манфӣ машғул кардани кӯдакон бо тамрин ва бозиҳои гуногуни серҳаракат мебошад. Ин навъ бозиву тамринҳо кӯдакро ҳам ҷисман ва ҳам рӯҳан инкишоф медиҳанд. Ҳамин тавр бадан обу тоб ёфта, узвҳову ҳуҷайраҳо бо оксигени кофӣ таъмин мешаванд. Дар организми кӯдакони серҳаракат равғанбандӣ ба миён наомада, бадан онро месӯзонад. Аз ин рӯ кӯдак нерӯманд ва солим ба воя мерасад.

Бахусус машғулият бо тамрину машқҳои ҷисмонӣ фаъолияти майнаи сарро ҷоннок мекунад. Кӯдак худро беҳтар ҳис карда, мувозинати рӯҳӣ-равониро ба даст меорад. Чунин кӯдак асабӣ намешавад, баръакс пурнишот мегардад. Бахусус машғулият бо шиноварӣ мушакҳои ӯро қувват бахшида, баданро обу тоб медиҳад. Ӯро дар ҳавзҳои махсус пешбинишуда ва кӯлҳои муайян ҳамроҳӣ карда, барои азхуд кардани малакаи шиноварӣ ташвиқ намоед.

Кӯдаконро ҳатман барои сайру гашт ба боғу саҳроҳо бароред. Ҳамроҳ бо онҳо бо дави сабук ва ё роҳнавардӣ машғул шавед. Агар имкон бошад, ҳатман велосипедрониро омӯзад. Ин навъ машғулият мушакҳои қисмати пойашро қувват мебахшад. Агар тамрину ҳаркатҳои зиёд барои кӯдак зиёновар ва таҳлукаовар набошанд, ӯро дар амалҳояш маҳдуд накунед. Бигзор, бозӣ кунаду парида ҷаҳад. Бо ин тариқ кӯдак солимтар ва хушбахттар мегардад. Аз он ки ғайрифаъол ва тарсу ба воя расад, имкон фароҳам оваред, то ки фаъол бошаду шахсияти солимро дар худ тарбия диҳад.


Интихоби бозичаи муносиб барои кӯдак

Тарбияи писарбачаро саҳл нагиред!

Нақши бозӣ дар инкишофи равониву ҷисмонии кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s