Антибиотики табиӣ мақбултар аст!

Ҳангоми истеъмоли дорувории хосияти антибиотикидошта эътидолро бояд риоя намуд. Зеро ҳар чӣ бештар антибиотик истеъмол намоед, ҳамон андоза бактерияҳои организми инсон нисбати таъсири он муқовимат пайдо мекунанд. Ва таъсири доруворӣ ҳангоми табобатҳои баъдӣ фоида намедиҳанд.  “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” гуфтаанд оқилон. Пас, пеш аз он ки гирифтори беморӣ шавед, аз антибиотикҳои табиӣ фаровон истеъмол намоед.

Бинобар иддаои коршиносон аз Донишгоҳи Йели амрикоӣ дар як қатор ғизо ва сабзавот миқдори кофии антибиотикҳо барои ҳифзи саломатӣ мавҷуд аст. Ҳамин тавр организми одамӣ бе истеъмоли антибиотикҳои бо роҳи сунъӣ ба даст овардашуда, ки таъсири иловагиро низ дар худ дороанд, метавонад худро ҳифз кунад. Ғизо ва сабзавоте, ки дорои антибиотики табииянд, инҳо мебошанд:

Асал

Ин ғизои шифобахш барои табобати аллергияи мавсимӣ ва захми меъда ба кор бурда мешавад. Асал ҳамчун яке аз антибиотикҳои табиии муассир аз замонҳои қадим то ба имрӯз маъруф аст.

Сир

Ҳарчанд баъд аз истеъмоли сир даҳон бӯйи на он қадар хуш мекунад, вале бешубҳа, ин сабзавот барои муқовимат бо бактерияҳои гуногун таъсирбахш аст. Бахсус меъёри бактерияи helicobacter pylori-ро дар меъда ба низом медарорад.

Қорч

Антибиотикҳои маъруф ба мисли пенисилин, тетрасиклин ва стрептомисин аз қорч ба даст оварда мешаванд. Зеро қорч дар худ таркиб ва моддаҳои бактериякушро истеҳсол мекунад. Вале ҳангоми чидани қорч боэҳтиёт бояд буд. Зеро на ҳамаи навъи қорч шифобахш буда, баъзеяш ҳатто заҳрнок аст.

Карам

Дар карами сурх моддаҳои хусусияти бемории варам ва саратонро пешгиркунанда мавҷуданд. Илова ба ин муайян карда шуд, ки таркиби карами сурх антибиотикро низ доро аст. Бахусус антибиотики табиии мазкур модарони ширдеҳро аз саратони сина ҳифз мекунад.

Пиёз

Пиёз низ яке аз антибиотикҳои табиии қавӣ ба шумор меравад. Табибон истеъмоли пиёзро ҳангоми шамолхӯрӣ ва бемории зуком тавсия медиҳанд. Бахусус унсури гӯгирд (сулфур), ки дар пиёз мавҷуд аст, барои мубориза бо бактерияҳои даҳон муассир мебошад.

Забуда ва гиёҳҳои шифобахш

Дар баробари хуштаъм ва хушбӯй гардонидани таом забуда ва гиёҳҳои хушбӯй организмро аз авҷ гирифтани бактерияҳои гуногун ҳифз мекунанд. Коршиносони Донишгоҳи Корнелл дар рафти озмоиш исбот кардаанд, ки бар асари мурчи сиёҳ ва марзангӯш 100%-и бактерияҳо мемиранд. Ҳамзамон сисанбар (тимён), зира, тархун барин гиёҳҳо 80%-и бактерияҳоро аз байн мебаранд. Дар таркиби заъфарон бошад агентҳои махсуси зиддисаратонӣ мавҷуданд.

Саломат бошед!


Брокколи ва гулкарам барои табобати бемории қанди навъи 2 муассир буда метавонанд

Хурморо баъд аз моҳи рамазон ҳам истеъмол кунед!

4 хосияти хатарноки истеъмоли шакар

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s