Тарбияи оидияти ҷинсии кӯдак (1)

Вақте кӯдак ба синни панҷсолагӣ мерасад, аллакай аз ҷиҳати ҳиссиву ҷисмонӣ ба воя расидан ва дигаргун шуда истоданашро дарк мекунад. Ҳамин тавр дар ин овон доир ба шахсияти худ, бахусус доир ба шинохти ҷинсияташ мароқ пайдо мекунад. Яъне бинобар писар ва ё духтар будан, кӯдак машғала ва одатҳои рӯзмарраашро муайян мекунад.

Дар ин синну сол духтарҳо дар кайфияти либоспӯшӣ, зебу зинат ва ғайра амалҳои занона бештар модарашонро тақлид мекунанд. Писарҳо бошанд ҳамчун намунаи тимсол падарашонро интихоб намуда, рафтору гуфторашонро ба ӯ монанд кардан мехоҳанд. Аз ин рӯ ҳар кӯдак бояд бинобар оидияти ҷинсияш тарбия карда шаваду аз нозукиятҳои маҳрамият дар ин синну сол огоҳ бошад. Зеро заминагузории шахсияти ҷинсии кӯдак ӯро дар оянда роҳбалад хоҳад шуд.

Равоншиносони соҳа қайд мекунанд, ки дар ин овон ҳар кӯдак бинобар оидияти ҷинсияш бо падар ё модар бештар усн гирифта, кӯшиш мекунанд, ки шахсияти хешро устувор созад. Дар ин ҳолат волидайн бояд фарзандро дастгирӣ намуда, дар тарбияи ҷинсии кӯдак ҳам падар ва ҳам модар саҳмгузор шаванд. Волидайн фарзандро дар самти оидияти ҷинсӣ амалу гуфтор пайдо карданашро ташвиқ кунанд. Кӯдак аз синну соли хурдӣ қадам ба қадам ба икмоли равонии ҷинсияташ мерасад. Волидайнро низ лозим меояд, ки бо рафтор ва гуфтори хеш фарзандашонро намунаи ибрат бошанд.

Ҳамин тавр оғоз аз синни панҷсолагӣ кӯдак доир ба ҷинсияти худ саволҳои зиёд мепурсад. Аз ин рӯ волидайн ба саволҳои кӯдак бо дилпурӣ ва дар доираи мантиқи хурдсол посухҳои лозимаро диҳанд. Посухҳо бояд кӯтоҳ ва сода бошанд. Нисбат ба саволпурсии кӯдак ҳаргиз ба ғазаб наомада, асабӣ нашуда, аз ӯ халос шавам гуфта сухани дурӯғ нагӯед. Бори дигар таъкид мекунем, ки посухҳо бояд кӯтоҳ ва сода бошанд, зеро ба он тавре ки калонсол масъалаҳои ҷинсиро мефаҳмад, кӯдак танҳо дар синни баъд аз 11-солагӣ дарк мекунад. Ва дар хурдсолӣ доир ба ҳама чиз савол пурсидани вай танҳо аз мароқи зиёд изҳор карданаш мебошад.

(давом дорад)


Тарбияи писарбачаро саҳл нагиред!

Бигзор, кӯдак фаъол бошад!

Интихоби бозичаи муносиб барои кӯдак

Leave a Reply

Fill in your details below or click an icon to log in:

WordPress.com Logo

You are commenting using your WordPress.com account. Log Out /  Change )

Google photo

You are commenting using your Google account. Log Out /  Change )

Twitter picture

You are commenting using your Twitter account. Log Out /  Change )

Facebook photo

You are commenting using your Facebook account. Log Out /  Change )

Connecting to %s